ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш

ДУШАНБЕ, 01.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар тамоми мактабҳои Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ ва ҷамъомади идона соли нави таҳсил оғоз гардида, хонандагон бо руҳияи болида дар муассисаҳои таълимӣ ба илму донишандӯзӣ шуруъ намуданд. Рушди соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ин соҳаи муҳим афзалият дода мешавад. АМИТ «Ховар» ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд.
— Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он идома дорад.
***
Фарзандони азизам! Шумо ҳам дар навбати худ, хонед, илм омӯзед, соҳибкасбу забондон шавед, вориси шоистаи гузаштагони некном ва имрӯзиён бошед.
***
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ин рӯз ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва хоссаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф мебошад.
***
Маблағгузорӣ ба неруи инсонӣ ва пеш аз ҳама, ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонони мамлакат беҳтарин ва самарабахштарин сармоягузорӣ мебошад.
***
Дар замони соҳибистиқлолӣ мо дар баробари бунёди муассисаҳои нави таълимӣ беш аз ҳазор мактаби мавҷударо навсозӣ кардем, мактабҳои боқимондаро таъмиру тармим карда, дар онҳо тамоми шароити зарурии замонавиро муҳайё сохтем ва ҳоло ин равандро идома дода истодаем.
***
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои асосӣ дар самти таълиму тарбия маҳсуб мешавад.
***
Мо бояд хуб дарк намоем, ки фарзандон назди мо амонатанд, онҳо ояндаи мову шумо ва соҳибони фардои давлату миллат мебошанд.
***
Мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем.
***
Биёед, ба фарзандон, пеш аз ҳама, ба духтаронамон илму дониш ва касбу ҳунар омӯзонем, то онҳо дар зиндагии ояндаи худ – дар замонаи пешрафти илм, техникаву технологияҳои муосир ва асри зеҳни сунъӣ азият накашанд ва бори дӯши падару модар нашаванд.
***
Танҳо саводу маърифат ва илму дониш инсонро аз ҳама бадбахтиву нокомиҳо наҷот мебахшад.
***
Соҳиби касбу ҳунар кардану ба бозори меҳнат ворид намудани ин насли наврас ва ба рушди иқтисодиёт ҷалб кардани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мову шумо мебошад.
***
Рушди соҳаи маориф дар давраи соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки дар ин марҳала низоми босуботи маориф ба вуҷуд омада, насли бомаърифат, хештаншинос ва ватандӯст ба камол расид.
***
Бар асари заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат ба шарофати фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад.
***
Аҳли маорифро зарур аст, ки низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи сарватҳои бебаҳои маънавию ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи тарбиявии халқамон ва бо назардошти тақозои замони муосир, ниёзҳои давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пеш баранд.
***
Танҳо илму дониш ва сатҳи баланди маърифат ба шумо қобилияти расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, давлату давлатдорӣ, падару модар, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои бебаҳои миллиро фароҳам месозад.
***
Ҳар яки шумо бояд ба қадри вақт ва давраи зудгузари наврасию ҷавонӣ расед, доим дар талоши илму донишомӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар бошед, бештар китоб хонед, донишманд шавед, забони покиза ва одоби муоширати баланд дошта бошед, ояндаи давлатро соҳибӣ кунед, истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистонро ҳифз намоед, онро таҳким бахшед ва обрӯю манзалати давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоред.
***
Воқеан, илму дониш аз замонҳои хеле қадим то даврони мо неруи асосӣ ва воситаи пешбарандаи ҳар ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистони мо ба ҳисоб меравад.
***
Маҳз тавассути рушди босуботи соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон мо тавонистем, ки чеҳраи воқеии халқи тоҷикро дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
***
Бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад.
***
Мо ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятро равона кардаем ва ин корро минбаъд низ бомаром идома медиҳем.
***
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаи маориф даҳҳо барномаи давлатӣ қабул ва амалӣ карда шуданд.
***
Ҳукумати Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва қабули барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа пайваста чораҷӯӣ менамояд.
***
Барои ба воя расонидани насли донишманд, забондон ва дорои ҷаҳонбиниву фаҳмиши васеъ бояд, пеш аз ҳама, муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибтахассус, навовару эҷодкор ва ба касби худ содиқ таъмин карда шаванд.
***
Барои ба камол расонидани наслҳои соҳибмаърифату боистеъдод китобу китобхонӣ нақши бағоят муҳим ва ҳатто ҳалкунанда дорад.
***
Ҷавонони мо бояд ҳамаи саъю талоши худро ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар равона созанд, то ояндаи сазовори ин Ватан ва ин сарзамини муқаддас, яъне Тоҷикистони азизамон гарданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»