Имконияти сармоягузории ширкати «Sinosure»-и Чин ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва имконияти сармоягузории ширкати «Sinosure»-и Чин ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбарияти ин ширкат дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия табодули назар карданд. Дар идома имконият ва афзалияти мамлакат дар самти бунёд ва татбиқи лоиҳаҳои неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ муаррифӣ гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони табиӣ буда, барои рушди неруи офтобӣ ва бодӣ шароити мусоиди табиӣ ва иқлимӣ дорад.
Роҳбарияти ширкати «Sinosure» барои омӯзиши амиқи имконияти сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






