Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 17.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ таҳти унвони «Тағйир додани иқтисодиёт тавассути сармоягузориҳои стратегӣ дар соҳаи сайёҳӣ» баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Форум бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ гузаронида мешавад.
Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар форум роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, масъулини мақомоти маҳал, корпуси дипломатии муқими Душанбе, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои сайёҳии мамлакат, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода месозанд, коршиносонии соҳа, марказҳои иттилоотию хизматрасонӣ, рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ ва блогерон иштирок менамоянд.
Дар форум масъалаҳои ҳамкории мутақобил ва табодули таҷрибаи назаррас байни давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва муаррифии ҳарчи бештари иқтидори сайёҳӣ баррасӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мебошад. Баргузории Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ ба мустаҳкам гардидани мавқеи мамлакат дар байни давлатҳои аъзо, ноил шудан ба ҳадафҳои «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва татбиқи самараноки марҳилаи сеюми «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки ба ҷалби сармоя равона гардидааст, мусоидат менамояд.
Узвияти мамлакати мо дар Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки яке аз 12 сохтори Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад, дар баробари омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва иштирок дар ҷараёни ҳалли масоили рӯзмарраи соҳа барои ташаккул ва минбаъд мустаҳкам кардани имиҷи ҷумҳурӣ ҳамчун мамлакати сайёҳӣ манфиати зиёд мерасонад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






