Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлиси ҳукумат, нахуст, дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки барномаи мазкур барои расидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 таҳия гардида, мақсади асосии он зиёд намудани азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ҷумҳурӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи амалисозии барнома имконият фароҳам мегардад, ки майдони 11800 гектар заминҳои нав азхуд ва 16750 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиши кишоварзӣ баргардонида шаванд.
Барнома баъди муҳокима қабул гардид.
Дастур дода шуд, ки сохторҳои давлатии масъул аз натиҷаи корҳо ва оид ба рафти иҷрои барнома ва нақшаи чорабиниҳо ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Сипас, дар бораи Стратегияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 гузориши вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода, дар бораи Стратегияи рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузориши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳамо Холмаҳмадзода ва дар бораи Нақшаи амали Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 дар марҳалаи дуюм солҳои 2026-2028 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.
Гуфта шуд, ки стратегияи таҳсилоти фарогир барои беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии кӯдакони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла рафъи монеа ва маҳдудиятҳо дар гирифтани таҳсилот ва фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳаёти муътадили онҳо мусоидат менамояд.
Стратегияи рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбӣ бо мақсади тақвият бахшидани низоми тайёрии касбии аҳолии қобили меҳнат, рушди таълими касбии аҳолии қобили меҳнат ва омода намудани захираҳои меҳнатии ба талаботи бозори дохил ва хориҷи кишвар зарурӣ, омода гардидааст.
Нақшаи амали Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 дар марҳалаи дуюм солҳои 2026-2028 бошад, барои гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмиллалӣ дар самти иқтисоди “сабз” таҳия шудааст.
Баъди баррасӣ аз руи стратегияҳо ва нақшаи амали номбаршуда қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, шахсони масъул барои амалисозии саривақтӣ ва босифати онҳо дастуру супоришҳо гирифтанд.
Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, масъалаҳо оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии стратегияҳо, нақшаҳои амал ва барномаҳои давлатии зимни маҷлис баррасишуда дар назди шахсони масъул вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дастуру супоришҳо, ҳамчунин, ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои супоришҳои Ҳукумати кишвар баҳри ҷалби сармояи мустақим, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ, аз ҳозир тайёрӣ дидан ба таҷлили Наврӯзи байналмилалии — 2026 ва омодагии ҳамаҷониба барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии истиқлоли давлатӣ дода шуд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид






