«МАКТАБ САБАБИ ҲАЁТ БОШАД…». Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соли нави таҳсили 2025-2026 оғоз гардид

Сентябрь 1, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 01.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ соли нави таҳсил оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар соли хониши 2025-2026 дар Тоҷикистон беш аз 250 ҳазор нафар нахустин маротиба ба мактаб қадам мемонанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи зиндагии омӯзгорон ва боло бурдани мақоми омӯзгор дар ҷомеа тадбирҳои мушаххас ва судманд амалӣ мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки «мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соҳаи маориф рушд намуда, сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат мунтазам беҳтар гардида, сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ мебошад.

Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 3229 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мекард, имрӯз ин шумора ба 4037 расидааст. Дар он давра шумораи хонандагон 1,3 миллион нафарро ташкил медод, ҳоло беш аз 2,3 миллион нафар мебошад. Танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ 3670 муассисаи таҳсилоти умумии нав бунёд шуда, ба истифода дода шуд. Дар ин замина бунёди литсею гимназияҳои муосир, ки ҷавобгӯйи талаботи ҷаҳонӣ мебошанд, гувоҳи он аст, ки соҳаи маориф бомаром ба низоми таҳсилоти навин мегузарад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки сатҳу сифати таълиму тарбия беҳтар гардида, мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд бардошта шавад.

Бинобар ин падарону модарон уҳдадоранд, ки бар ивази ҳамаи ин заҳмату ғамхориҳо фарзандонро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намуда, қадри сулҳу оромӣ ва аҳаммияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоянд. Кӯдаконе, ки имсол қадамҳои нахустини худро ба остонаи мактаб мегузоранд, дониш омӯхта, ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори мамлакати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизамон ба воя бирасанд.

Устод Садриддин Айнӣ фармудаанд:

Эй монда қадам ба роҳи мактаб,
Олист мақому ҷоҳи мактаб.
Мактаб сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб сабаби наҷот бошад.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр дар ҳамаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Рӯзи дониш маҳсуб мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд