МАОРИФ — ЗАМИНАИ УСТУВОРИ РУШДИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар Рӯзи дониш

ДУШАНБЕ, 08.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 30 август дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки ба таҳлил ва арзёбии рушди соҳаи маориф бахшида шуд, ҳуҷҷати муҳими стратегӣ ва барномаи амал барои тамоми аҳли ҷомеа, хусусан кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ин суханронӣ на танҳо натиҷаҳои бадастомадаро ҷамъбаст намуд, балки самтҳои асосии рушди ояндаи соҳаро муайян карда, дар назди масъулон вазифаҳои нав гузошт.
— Дар суханронӣ бори дигар таъкид гардид, ки маориф омили асосии рушди устувор ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҳар давлат мебошад. Пешвои миллат бо истинод ба афкори ниёгони хирадманд донишро ҳамчун «қутбнамои зиндагӣ» ва «чароғи равшан» муаррифӣ намуда, аҳамияти онро дар асри пешрафти босуръати илму технология ва зеҳни сунъӣ махсус иброз намуданд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи маорифро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, солҳои охир маблағгузории онро ба таври бесобиқа афзоиш додааст. Ин дар суханронӣ бо далелҳои мушаххас, аз қабили маблағгузории умумии 73,6 миллиард сомонӣ ва бунёди садҳо муассисаи нав дар даврони истиқлолият тасдиқ гардид.
Мавзуи марказии суханронӣ алоқамандии ногусастании маориф ва сулҳу субот дар ҷомеа буд. Бо ишора ба вазъи мураккаби геосиёсии ҷаҳонӣ, ки боиси афзоиши низоъҳо ва маҳрум гаштани миллионҳо кӯдакон аз таҳсил шудааст, Пешвои миллат аҳамияти Дарси сулҳро, ки соли таҳсил бо он оғоз меёбад, таъкид намуданд. Гуфта шуд, ки сулҳ пояи пешрафти давлату миллат ва омили муҳимтарини рушди маърифат мебошад. Бинобар ин, ба кормандони соҳаи маориф супориш дода шуд, ки дар тамоми зинаҳои таълим тарғиби фарҳанги сулҳофарӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро дар мадди аввал гузошта, насли ҷавонро бо истифода аз дарси ибрати таърихии солҳои 90-ум дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо тарбия намоянд.
Дар қисмати амалии суханронӣ Президенти Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳалталаби соҳа таваҷҷуҳ намуда, барои беҳтар кардани сифати таълим вазифаҳои муҳимро муайян намуданд. Аз ҷумла, чунин супоришҳо дода шуданд:
- Такмили стандартҳо ва барномаҳои таълимӣ: Бояд стандарти нави давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ба натиҷа, таълими шахсиятсоз ва пайвастагии мактаб бо ҳаёти воқеӣ такя мекунад, таҳия ва қабул гардад. Инчунин таҳияи Консепсияи нави китобҳои дарсӣ бо ҷалби олимон зарур дониста шуд, то китобҳои дарсӣ на танҳо дониш диҳанд, балки ҷаҳонбинии дунявӣ ва худшиносии миллиро ташаккул диҳанд.
- Арзёбии сифати таълим: Барои баланд бардоштани самаранокии таълим таҳияи меъёрҳои ягонаи муайянкунандаи сифат ва таъсиси махзани ягонаи арзёбии дониш тавассути технологияҳои рақамӣ зарур дониста шуд.
- Ҳалли масъалаи кадрҳо: Ба Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои масъул супориш дода шуд, ки дар муддати як сол масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгориро пурра бартараф намоянд. Дар ин замина таҳияи Барномаи давлатии омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ барои таъмини пурраи соҳа бо мутахассисони баландихтисос зарур дониста шуд.
- Рушди таҳсилоти касбӣ: Барои тайёр кардани кадрҳои коргарӣ ба мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои бе муассисаҳои таҳсилоти касбӣ филиалҳои онҳо таъсис дода шаванд ва инчунин имконияти марказҳои таълими калонсолон пурра истифода шаванд.
Дар фарҷоми суханронӣ Пешвои миллат бори дигар ба мақоми баланди омӯзгор ишора карда, ӯро «шаъну шарафи миллат» ва қувваи бузурги маънавӣ номиданд. Таъкид гардид, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» марҳалаи наверо дар ҳаёти аҳли маориф ифтитоҳ менамояд. Инчунин Президенти Тоҷикистон мактаб, оила ва ҷомеаро се неруи масъул ва тавоно номида, хостори иттиҳоди онҳо дар самти тарбияи дурусти насли наврас шуданд.
Хулоса, суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси ҳаётӣ ва дастури амалӣ барои тамоми аҳли ҷомеа буда, нишон дод, ки танҳо бо ваҳдат, сулҳ ва маорифи босифат метавон ба ояндаи дурахшони миллат умед баст. Ин суханронӣ на танҳо таҳлили воқеии вазъи кунунии маориф аст, балки барномаи мукаммали амалӣ барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат дар соҳаи илму маориф мебошад.
Файзиддин РАҶАБАЛИЕВ,
устоди кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон