Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»

ДУШАНБЕ, 19.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Хабари ибтикори хирадмандона ва маърифатгароёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди нашри “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва эҳдои он ба ҳар хонаводаи тоҷик дар кишвари дӯст ва ҳамзабони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таври густарда паҳн гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дорданд, мардуми китобдӯст ва китобхони Эрон ин ибтикори Пешвои миллати тоҷикро ҳамчун намунаи олии ташвиқу тарғиби адабу забон ва фарҳанги муштарак мавриди ситоишу арҷгузорӣ қарор додаанд. Дар доираҳои илмию адабӣ ин ибтикори беназири Президенти Тоҷикистон ҳамчун иқдоми намунаи олӣ дар ҳифзи ҳувият ва фарҳанги миллӣ аз таҳдидҳо ва хатарҳои замони ҷаҳонишавӣ арзёбӣ гардида, аҳамияти он барои рушду камоли маънавию ахлоқии ҷомеаи имрӯзи тоҷикон дар руҳияи арзишҳои озмудаи фарҳанги ниёкон, бавижа “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ таъкид мегардад.
Имрӯзҳо бисёре аз аҳли илму адаб ва алоқамандони шоҳкори Абулқосим Фирдавсӣ дар Эрон бо ирсоли нома ба Сафорати Тоҷикистон дар Эрон аз ин ибтикори Пешвои миллат изҳори хурсандию ҷонибдорӣ мекунанд ва пайванди маънавиро бо ҳакими донои Тӯс ва “Шоҳнома”-и безаволи ӯ ба мардуми Тоҷикистон табрик мегӯянд. Ахиран чунин як нома аз донишманди барҷастаи эронӣ, раиси Хирадсарои Фирдавсии Машҳад, профессори Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ расид, ки онро ба таваҷҷуҳи хонандагони гиромӣ манзур мекунем:
Паёми шодии мо аз эҳдои “Шоҳнома” ба хонаводаҳои Тоҷикистон
Хирадманду донову равшанравон,
Танаш з-ин ҷаҳон асту ҷон з-он ҷаҳон.
Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар “Шоҳнома”-и устоди Тӯс кушода кард.
Фарҳанги “Шоҳнома” фарҳанги табори ориёӣ ва фаротар аз он — фарҳанги башарият аст ва ин метавонад вижагии беназири ин китоб ва шаҳсутуни ҳаёти қавмии ҳамаи ориёинажодон бошад, ки имрӯз ҳар ҷо ҳастанд — Анатолия, Эрон, Қафқоз, Афғонистон, Тоҷикистон, Поёнрӯдон, Варорӯдон ва ҳар гӯшаи Осиёи Миёна ва Дур — худро дар оинаи он бозмеёбанд.
Мо, ҳамаи ориёитаборон, аз меҳр сухан мегӯем, ки фарзанди меҳрем.
“Шоҳнома” бо сарфарозӣ ба мо мегӯяд: “Биёрой рӯи заминро ба меҳр”.
Мо аз кинаву дилозорӣ ва нохушнудӣ безорем ва ба ҷаҳониён мегӯем:
“Маро сер шуд дил зи ҷангу бадӣ”.
Инак хурсандем, мамлакати азизи Тоҷикистон, ки ба таҷлили ҷашни сиюпанҷумин солгарди истиқлолияти худ омодагӣ мегирад, тавонистааст давоми чанд даҳсола таҳти ҳимояту ҳидояти корсоз ва илҳомбахши Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи худро бозёбад ва ба масири ниёгони сарафрози худ баргардад. Дар ҷараёни ин бозгашт аст, ки Тоҷикистон ҳувияти тоҷикӣ ва боландагии фарҳангии худро бозёфта ва дар ҳамин фосилаи кӯтоҳ ҳамгом бо дунёи навин ба комёбиҳои бузурге даст пайдо кардааст. Ва ин ҳама ба шарофати раҳнамудҳо ва роҳбариҳои доҳиёнаи Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки қадри кори пешиниён ва бавижа шоҳасари ҳакими фарзонаи Тӯсро дониста ва бо иқдоми шоистаи худ ва эҳдои як маҷмуаи “Шоҳнома” бо хати кириллӣ роҳи нишастан зери сояи сарви сояафкани “Шоҳнома”-ро ба ҳамаи тоҷикзабонон — аз олиму шаҳрӣ то омиву рустоӣ нишон додааст.
Бегумон, имрӯз миллати тоҷик аз ҳар миллати дигар беҳтар ва васеътар метавонад бо як китоби бузург ва ҷаҳонӣ, чун “Шоҳнома” шинос шавад ва аз омӯзаҳои инсонсози он бархурдор бошад. Барои ин баракати фарҳангӣ тоҷикон қарздори Раҳбар ва Сарвари хирадманди худ ҳастанд, ки инак ба лутфи эшон асари шигарфе, чун “Шоҳнома”-ро ба хат ва забони худ дар канор доранд ва ҳар даму ҳар лаҳзае, ки бихоҳанд, метавонанд ба осонӣ бо мафҳумҳои баланди он ошно шаванд ва онро дар зиндагии худ ба кор бубанданд. Яқин дорам, ки чунин тавфиқе барои ҳеҷ миллати дигар дар ҳеҷ давру замоне ба ин осонӣ фароҳам наомадааст.
Ман, ки бо дилбастагии тамом ба мардуми тоҷик ва кишвари азизи Тоҷикистон давоми сӣ сол ҳамкорию рафтуомад ва қаламзаданҳои мукаррар доштам, чунон ба фарҳанг ва ҳувияти тоҷикӣ оғушта шудаам, ки чандин бор дар кишвари худ — Эрон маро тоҷик пиндоштаанд.
Зимни табрики сиючаҳорумин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон, аз қавли худам ва ҳамаи дӯстдорони Фирдавсӣ ва бавижа ҳама пайвандон ва алоқамандон ба хирадсароҳои Фирдавсӣ аз забони Ҳакими Тӯс хитоб ба Сарвари тоҷикони ҷаҳон мегӯям:
Туро пок Яздон нигаҳдор бод,
Дилат шодмон, бахт бедор бод.
Муҳаммадҷаъфари ЁҲАҚҚӢ,
профессори Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад,
узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии
Ҷумҳурии Исломии Эрон