МУҶАССАМАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Аз ифтитоҳи ин маҷмааи миллӣ 26 сол пур шуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили 1100 — солагии ҷашни Давлати Сомониён ёдгории меъмории «Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ва Муҷассамаи амири аввалини давлати тоҷикон — Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба истифода супорида шуд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён» 9 апрели соли 1997 ба имзо расид. Сипас дар заминаи он моҳи июни ҳамон сол Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни давлати Сомониён» қабул гардид. Мувофиқи ин қарор барои офаридани беҳтарин лоиҳаи намунавии монумент бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аз 20 ноябри соли 1997 то 30 январи соли 1998 озмун эълон гардид.
Ба ҳайати ҳакамони озмун сиёсатмадору меъмор, рассому олим, шоир ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеаи мамлакат, ҳамчунин намояндаҳо аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Эрон, Афғонистон ва Қирғизистон дохил буданд.
Тавре муаллифи лоиҳаи Маҷмааи Исмоили Сомонӣ- меъмори тоҷик Баҳоваддин Зуҳуриддинов зимни як суҳбаташ гуфта буд, «барои офаридани ин маҷмааи бузург дар гурӯҳи кории мо нафарони боистеъдод ва олимон сарҷамъ буданд. Ҳарчанд вақт кам буд, аммо тавонистанд лоиҳаеро рӯйи кор биоваранд, ки дар он симои таърихи халқи тоҷик ҳувайдост».
«Баъд аз пешниҳод шудани лоиҳаҳо онҳоро дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддини Беҳзод (имрӯза Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон) давоми зиёда аз 10 рӯз ба намоиш гузоштанд, то дар баробари мутахассисон шаҳрвандон низ интихоб карда тавонанд», — гуфта буд Баҳовадин Зуҳурдинов.
Ба иттилои мутахассисон, ҳангоми офаридани симои Исмоили Сомонӣ муаллиф аз маълумоти таърихӣ, китоби вазири дарбори Сомониён Абӯабдуллоҳ Ҷайҳонӣ «Ашкол-ул-олам», ки аввали асри X, дар замони ҳукмронии Насри II ибни Аҳмад навишта шудааст, истифода намудааст. Дар пушти маҷмаа- дар майдон харитаи Давлати Сомониён аз санг сохта шудааст. Харита тамоми ҷуғрофиёи Давлати Сомониёнро фаро гирифтааст.
Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ
Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 12 метр аз фулузоти биринҷӣ сохта шудааст.
Арки бузург
Арки бузург бо ҳафт қабати сталактитҳо (маъдани махсус дар сохтмон истифода мешавад) мустаҳкам гардидааст. Дар он рамзи ҳафт сайёраи системаи офтобӣ мавҷуд аст, ки рамзи устуворӣ ва пойдории давлатдории тоҷикон мебошад. Баландии арк 40 метр мебошад. Муаллиф ҳангоми таҳияи лоиҳа ба хотири мувофиқат кардани андозаи арк ба майдон баландии онро аз сатҳи майдон 35 метр муайян намуд. Дар он минбари рамзии Президенти мамлакат мавҷуд аст, ки ҳангоми таҷлили ҷашнҳо, роҳпаймоиҳои ботантана, намоишҳо ва парадҳо иштирок менамоянд. Дар ҳарду тарафи минбар барои аъзои Ҳукумат ва меҳмонони баландмақоми хориҷӣ ҷой муайян карда шудааст.
Тоҷ
Дар болои арк, дар зери нурҳои дурахшони Офтоб тоҷ ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон дар пояи курашакл медурахшад. Диаметри тоҷ 4,5 метр мебошад.
Шерҳои хобида
Яке аз унсурҳои дигар — симои ду шери хобида дар минбари пасти ду тарафи тахти суфа мебошад. Онҳо рамзи сулҳу суботу осоиш ва ҳокимият мебошанд. Баландии шерҳо 3,5 метр аст.
Дар зери муҷассама осорхона эъмор шуда, нусхаи мақбараи Исмоили Сомонӣ сохта шудааст. Ҳангоми тамошои маконе, ки муҷассама дар он воқеъ аст, меҳмонон ва сайёҳон метавонанд дар бораи ҳаёту фаъолияти шоҳ Исмоили Сомонӣ ва таърихи пурғановати халқи тоҷик маълумоти пурра пайдо намоянд.
Муҷассама макони асосии тамошои сайёҳон аз шаҳри Душанбе буда, ёдгории муҳимтарини меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Исмоили Сомонӣ- асосгузори давлати Сомониён дар таърихи тоҷикон нақши бузург дорад.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд






