Муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Кӯлоб ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошад
КӮЛОБ, 28.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шабакаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Кӯлоб 11 маркази саломатӣ ва 43 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, ба беш аз 120 ҳазор аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар ин муассисаҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои бе мушкилӣ паси сар намудани тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар Маркази саломатии деҳоти Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ сол ба сол беҳтар мешавад. Дар баробари Маркази саломатӣ ду бунгоҳи тиббии дигар низ сокинонро ба ташхису муоина фаро гирифтаанд. Маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд. Дар анбори муассиса ангишту ҳезум ва дигар маводи сӯхт захира карда шудааст. Инчунин як генератори барқӣ ва таҷҳизоти муосири барқии гармидиҳанда дар ҳолати хуб қарор доранд.
Тавре сардухтури Маркази саломатӣ Махфират Сафарова иттилоъ дод, ҳоло марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар шаҳри Кӯлоб ба давраи зимистонгузаронӣ ҳамаҷониба омода буда, сӯзишвории дизелӣ ва дигар маводи сӯзишворӣ дар онҳо захира карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бунгоҳи саломатии «Зарбдор» дар маркази Ҷамоати деҳоти «Зарбдор» ҷойгир буда, дар он 6 мутахассиси соҳаи тиб ба 2745 нафар сокинон хизмати тиббӣ мерасонанд. Бунгоҳ ба зимистогузаронӣ омода гардида, дару тирезаҳо шишабандӣ ва миқдори зарурии сӯзишворӣ захира карда шудааст.
Маркази саломатии «Панҷосиёб» низ яке аз муассисаҳои калонтарини Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Кӯлоб буда, ба 10 ҳазор аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Дар ин маркази саломатӣ ва панҷ бунгоҳи тиббӣ 47 нафар мутахассисон фаъолият доранд. Бо мақсади бемушкилӣ паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 марказ ва бунгоҳҳои тиббӣ бо ангишту ҳезум ва дигар маводи сӯхт таъмин гардидаанд.
Дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ 29 генератори барқӣ мавҷуданд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ барои бо барқ таъмин намудани таҷҳизоти тиббӣ истифода бурда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






