МУШКИЛОТИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ. Оё китобҳои дарсӣ ба синни хонандагон мувофиқат менамоянд?

ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи соли равон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки бо ҷалби олимони соҳибтаҷриба Консепсияи таҳияи китобҳои дарсиро аз нав таҳия ва пешниҳод намуда, китобҳои дарсӣ пеш аз нашр аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳо гузаронида шаванд. Дар ин самт ҳоло чӣ гуна тадбирҳо андешида мешаванд? Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ирина Каримова иброз намуд, ки барои таҳияи Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ аз ҳисоби кормандони зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилот, Маркази ҷумҳуриявии таълимии методӣ, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шудаанд.
«Дар баробари ин аз донишгоҳу донишкадаҳо олимоне, ки пештар ба таҳияи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ машғул буданд, ҷалб карда мешаванд. Ҳамзамон ба ин гурӯҳҳо омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дохил шуда, фикру назари онҳо низ ба инобат гирифта мешавад. Дар айни ҳол оид ба таҳияи маводи таълимии фанҳои математика ва забони модарӣ ду гурӯҳи корӣ фаъолият дорад», — афзуд ҳамсуҳбати мо.
Иброз гардид, ки барои синфҳои 5 китобҳои дарсӣ аз фанни математика ва забони модарӣ таҳия шуда, дар асоси ин китоб дафтари кории хонанда, дафтари арзёбӣ ва дастури методӣ барои омӯзгор таҳия шудааст. Дафтари корӣ маҷмуи супоришҳоест, ки дар асоси талаботи навин вобаста ба технологияи муосир ва саводи муосири педагогика таҳия гардидааст, ки дар он хонанда супоришҳоро иҷро мекунад. Масалан, дар китоби дарсӣ оварда шудааст, ки «матнро хонед ва супориши 1-ро дар дафтари кориятон иҷро кунед». Яъне, супоришҳо барои фикрронии хонанда, саволҳои кушодаву пӯшида, хулосабарорӣ ва ҷадвалҳои махсус оварда шудаанд, ки хонанда бояд дар атрофи онҳо бештар фикр кунад.
Хотиррасон мешавем, ки китоби дарсӣ хонандаро бояд на фақат ба дараҷаи шинохти илм расонад, балки андешаи ӯро бедор сохта, дар ниҳоди хонанда ҷаҳонбинии дунявӣ, эҳсоси ватандӯстию худшиносии миллиро ташаккул диҳад. Вале баъзан шикоятҳо аз ҷониби бархе омӯзгорон ва волидони хонандагон атрофи мушкилфаҳм будан ва ҷой доштани хатоҳои техникӣ дар китобҳои дарсӣ ба назар мерасанд.
Тавре омӯзгори фанни адабиёт аз ноҳияи Восеъ Шамсиддини Пирхон иброз медорад, дар бисёр китобҳои дарсӣ талаботи синну соли хонанда ба назар гирифта нашудааст. Масалан, дар китоби адабиёти синфи 10 мавзуъҳо душворфаҳманд ва хонанда маҷбур мешавад, ки онҳоро рӯякӣ азхуд кунад. Дар муқоиса ба китобҳои солҳои пеш, дар ин китобҳо вазни шеър зиёдтар аст, ки хонанда онро фаҳмида наметавонад. Дар китоби адабиёти синфи 7 низ мавзуъҳои ба синну соли хонандагон номувофиқ ҷой доранд. Масалан, порча аз «Ривояти суғдӣ»-и Сотим Улуғзода оварда шудааст, ки барои ҳамин синну сол номувофиқ аст.
Муовини директор оид ба таълим ва илми Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Хуршед Зиёӣ иброз медорад, ки дар китобҳои дарсӣ дар масъалаи баён ва пешниҳоди мавзуъҳо ба хонандагон мушкилот ҷой доранд. «Масалан, чунин мушкилӣ дар китоби забони модарӣ ҳаст, дар он ҷо баъзе истилоҳоте истифода мешаванд, ки аз забонҳои арабӣ ё муодили онҳо аз забонҳои дарии афғонӣ ё форсии Эрон гирифта шудаанд, ки фаҳмиши онҳо метавонад барои хонандаи тоҷик мушкилӣ пеш орад. Албатта, ин гуна истилоҳотро бо пешниҳоди шаклҳои гуногун метавон истифода бурд. Барои мисол, калимаи археологияро, ки дар китобҳои таърихӣ бисёр истифода мешавад, метавон бо номи бостоншиносӣ ва ҳафриётшиносӣ, ки ягон мушкил надорад, иваз кард. Услуб низ бояд ба тафаккури хонандаи мактаби миёна мувофиқат кунад», -иброз намуд Хуршед Зиёӣ.
Ба назари Хуршед Зиёӣ, «барои хонанда зарур нест, ки тамоми комёбиҳои илмиеро, ки ӯ меомӯзад, донад. Бояд инро мутахассисон ба назар гиранд, ки то кадом сатҳ бояд ин донишҳо ба хонанда дода шаванд. Тавре ки таҷриба исбот мекунад, аз фанни риёзӣ ё математика ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ танҳо он донишҳоеро пешниҳод мекунем, ки то сатҳи математикаи олӣ бошад. Математика ё риёзиёти олӣ барои хонанда чандон зарур нест, бинобар ин он дар сатҳи дигар, яъне дар сатҳи таҳсилоти касбӣ ва таҳсилоти ибтидоии миёнаву олии касбӣ омӯзонида мешавад. Аз ин хотир сатҳи пешниҳоди донишҳо аз ин фанҳо низ аз тарафи мутахассисон дар якҷоягӣ бо мактаб бояд маҳдуд карда шавад».
«Талаботи китобҳои дарсӣ бояд шуруъ аз ҳаҷми ҳарф то намуди варақ риоя шавад. Бояд ҳар китоби дарсӣ на танҳо муаллиф, балки муҳаррири фаннӣ, забониву услубӣ ва баъди чоп дар нашриёт мусаҳҳеҳ дошта бошад. Дар ин маврид ҳам камбудиҳои техникӣ ва ҳам камбудиҳои мундариҷавӣ бояд ба назар гирифта шаванд. Ҳатман дар таълифи китобҳои дарсӣ, махсусан китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ бояд рассомон иштирок кунанд, мутобиқати расмҳоро ба синну соли хонанда, талаботи санъати имрӯзаи тоҷик ва ҷаҳонӣ аз назорат гузаронанд. Яъне, китоби дарсӣ бояд дар тамоми сатҳ аз назорат гузарад, зеро он ба хонанда донишҳои нахустин дода, тафаккури инсонро ташаккул медиҳад. Китоби дарсӣ бояд ягон хато: на мундариҷавӣ, на муҳтавоӣ ва на техникӣ надошта бошад», -гуфт доктори илмҳои фалсафа Хуршед Зиёӣ.
Ба андешаи омӯзгори фанни адабиёт Шамсиддини Пирхон, дар китобҳои дарсӣ тарҷумаи ҳоли шоирон низ бояд сода ва мушаххас бошанд, то ин ки хонанда дар баёни фикр ба мушкилӣ дучор нашавад. Тавре маълум аст, омӯзгор бояд дар 45 дақиқа мавзуъро ба таври мушаххас ба хонанда фаҳмонад, вале аз сабабе, ки мавзуъ дар китоб ба таври мушаххас оварда нашудааст, омӯзгор маҷбур аст, ки онро ба хонандагон ба таври маъруза пешниҳод кунад, вале дар 45 дақиқа ҳамаи инро ба хонанда фаҳмонидан ғайриимкон аст.
Омӯзгори дигар Кимиё Ҷангизода низ дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки «дар ҳақиқат омӯзгор бояд ҷӯянда бошад, ҳамеша китобҳои зиёд мутолиа кунад, дониши худро тақвият диҳад, вале набояд хонандагон дар дарки китобҳои дарсӣ ба мушкилӣ дучор шаванд. Масалан, агар дар китоб тарҷумаи ҳоли шоиру нависандагон фаҳмову сода бошад, завқи хонандагон низ ба дарс зиёд мешавад ва онҳо бо тайёрии хуб ба дарс меоянд».
«Набояд фаромӯш кард, ки хонандаи имрӯз ҳушёру зирак аст, албатта, на ҳамаи онҳо фаъоланд, вале хонандае ҳаст, ки дар дарс хатои китобро ёфта, суол мекунад, ки чаро дар китоби адабиёти синфи 10 ба ҷойи расми Шавкати Бухороӣ расми Убайди Зоконӣ оварда шудааст? Агарчанде, ки расмҳои шоирон ба таври тахминӣ гузошта шудааст, ҳам вале ноширону муаллифон набояд як расмро дар ду шоир гузоранд»,-изҳори нигаронӣ кард Кимиё Ҷангизода.
Директори Маркази таҳия, нашр, муомилоти китобҳои дарсӣ илмиву методии Вазорати маориф ва илм Умед Ҳасанзода оид ба ин масъала иброз дошт, ки «дарвоқеъ, дар китобҳои дарсӣ аҳён-аҳён хатоҳои техникӣ ва паст будани сифати чоп ба чашм мерасанд, вале набояд нодида гирифт, ки ин масъала нисбат ба солҳои пеш чанд маротиба беҳтар шудааст. Марказ дилхоҳ эроду пешниҳодро ба хубӣ қабул карда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо дигар сохторҳои масъул вобаста ба таҳия ва нашри китобҳо дар нашрҳои ояндаи ин китобҳо онҳоро бартараф намояд. Барои манзур кардани таклифу пешниҳодҳо- ҳам ба нафароне, ки ба тариқи хаттӣ муроҷиат мекунанд ва ҳам онҳое, ки ба тариқи электронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ камбудиҳои китобҳои дарсиро манзур менамоянд, изҳори сипос менамоем ва ваъда медиҳем, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар якҷоягӣ бартараф хоҳем кард».
Муовини директор оид ба таълим ва илми Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ пешниҳод дорад, ки бояд дар китобҳои дарсӣ ақидаи мутахассисон ва коршиносони соҳаҳои илму маориф ба эътибор гирифта шавад.
«Аз ҷумла, ҳангоми таҳияи китобҳои дарсии насли нав ҳатман сатҳи рушди илми мушаххас дар замони муосир ба назар гирифта шавад, яъне китобҳои дарсии мо фарогири он донишҳое бошанд, ки ба сатҳи рушди илм ва фанҳои гуногун дар замони муосир ҳатман мутобиқ бошанд. Инчунин вазъи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми он дар байни давлатҳои дигари ҷаҳон ба эътибор гирифта шавад. Ҳамзамон дар китобҳои дарсӣ, бахусус китобҳои дарсии ҷамъиятиву гуманитарӣ бояд арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ ба инобат гирифта шаванд»,-илова кард Хуршед Зиёӣ.
Ба иттилои ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова, дар айни замон тасмим гирифта шудааст, ки «Мактаби муаллифон» ташкил ва дар якҷоягӣ бо муаллифону мутахассисони варзида мушкилоти дар ин самт ҷойдошта бартараф карда шаванд. Пеш аз таҳияи ҳар мавзуъ аз нуктаи назари мутобиқат психологияи синну сол, методика ва шаклҳои гуногуни кор дар ин синну сол таҳлил карда шуда, дар мактабҳо аз озмоиш гузаронида мешаванд. Китобҳои наве, ки таҳия шудаанд, аз ҷониби мутахассисон ба омӯзгорон фаҳмонида мешаванд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»