Муслим Сафоӣ аз Эрон: «Соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад»

Сентябрь 20, 2025 10:50

ДУШАНБЕ, 20.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ бо назардошти захираҳои бойи сайёҳии муосир, мероси бузурги фарҳангӣ-таърихӣ, ҷойгиршавии мусоиди ҷуғрофӣ, табиати зебою дилчасп, мавзеъҳои фароғатӣ ва олами нотакрори ҳайвоноту наботот рушд дорад. Чунин ибрози назар намуд иштирокчии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе — 2025 аз Ҷумҳурии Исломии Эрон Муслим Сафоӣ.

Муслим Сафоӣ афзуд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ нақши мардуми тоҷик низ хеле зиёд аст, зеро онҳо даст ба даст гирифта, дар паҳлуи Роҳбари давлати худ мамлакати худро ободу зебо мегардонанд. «Мардуми тоҷик бо меҳмоннавозии хосса ва лутфу меҳрубонии худ дар дили сайёҳон ҷой мегирад», -гуфт ӯ.

Ба андешаи Муслим Сафоӣ, тоҷикону эрониёнро забону фарҳанг ва урфу одатҳояшон пайванд мекунанд. «Сари ҳар қадам нишоне аз таъриху фарҳанги муштарак доштани тоҷикону эрониҳоро дидам. Дар ин шаҳр ҳама чиз бароям ошност. Обу ҳаво, кӯчаю хиёбон, гулгаштҳои сабзпӯш ва мардумони самимиашро дӯст доштам», -изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Муслим Сафоӣ иброз дошт, ки «ҳадаф аз иштирок дар намоишгоҳ ҳамкорӣ бо ширкатҳои Тоҷикистон аст. Мо тавассути иштироки худ дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 метавонем меҳмонхонаҳои Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем. Ба ин восита шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бештар ба Тоҷикистон оянд ва манзараҳои нотакрори ин мамлакати зеборо тамошо намоянд».

Сайёҳи эронӣ иброз намуд, ки зимни ин сафар онҳо тасмим гирифтаанд дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сайёҳии Эронро муаррифӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 18 сентябр дар «Dushanbe EXPO Centre» — Маркази намоишгоҳи шаҳри Душанбе дуюмин «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE)» оғоз гардид, ки имрӯз ҷамъбаст мегардад.

Дар DITE-2025 зиёда аз 200 ширкат, аз ҷумла 65 ширкати хориҷӣ иштирок доранд. Ширкатҳои хориҷӣ асосан аз Олмон, Британияи Кабир, Русия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эрон, Покистон, Баҳрайн, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Яман, Сурия ва Марокаш мебошанд.

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо, муассисаҳои табобатию солимгардонӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти армуғонӣ имконияту хизматрасонияшонро муаррифӣ намуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2025 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад