Нақшаи генералии шаҳри Хоруғ қабул гардид
ДУШАНБЕ, 30.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи генералии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди муҳокима дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, қабул карда шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ин иқдоми навбатӣ ва саривақии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди бомароми иқтисодию иҷтимоии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори миннатдорӣ менамояд.
Нақшаи генералии шаҳри Хоруғ дар таҳкими маърифати шаҳрдорию шаҳрнишинӣ ва тибқи талаботи замони муосир бунёд намудани иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқи шаҳр такони ҷиддӣ мебахшад.
Ёдовар мешавем, ки 29 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои супоришҳои Ҳукумати мамлакат барои ҷалби сармояи мустақим, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, сарфаю сариштакорона истифода бурдани неруи барқ, аз ҳозир тайёрӣ дидан ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ-2026 ва омодагии ҳамаҷониба барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии истиқлоли давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.
АКС аз бойгонӣ








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд






