Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷаласаи хотимавии Барномаи БОМКА-10 иштирок намуданд

Сентябрь 11, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи хотимавии Гурӯҳи роҳбарикунандаи  минтақавии Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат ба идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА-10) баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ду корманди масъули Хадамоти гумрук  иштирок намуд.

Ҳадафи баргузории ҷаласа натиҷагирии марҳилаи даҳуми Барномаи БОМКА, арзёбии дастовардҳо ва баррасии самтҳои асосии ҳамкорӣ дар марҳилаи навбатӣ — БОМКА-11 мебошад.

Барномаи БОМКА-10, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, барои солҳои 2021–2025 амалӣ гардида, ба таҳкими амният ва суботи минтақавӣ, рушди иқтисоди босубот ва беҳтарсозии сатҳи зиндагии сокинони минтақаҳои наздимарзӣ равона шудааст.

Барнома фаъолияти худро ба чор самти калидӣ -рушди институти миллӣ ва иқтидори мақомоти марзӣ, баланд бардоштани қобилияти ошкорсозии ҷиноятҳои фаромарзӣ, мусоидат ба гардиши расмии савдо аз тариқи сарҳадҳо, таҳкими ҳамкории фаромарзӣ барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ нигаронидааст.

Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи муфассал оид ба фаъолияти БОМКА-10 давоми чор соли охир, ҳамчунин натиҷаҳои ҳамкории мақомоти марбутаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо барнома пешниҳод гардид. Коршиносони Иттиҳоди Аврупо ва намояндагони кишварҳо тавсияҳои мушаххасро барои густариши ҳамкорӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозӣ дар марҳилаи оянда — БОМКА-11 пешниҳод намуданд.

Иштироки намояндагони Хадамоти гумрук дар чунин ҳамоишҳои минтақавӣ имконият фароҳам меорад, ки таҷриба ва ҳамкории судманд тақвият ёфта, фаъолияти гумрукӣ ва сарҳадии мамлакат дар асоси стандартҳои муосири байналмилалӣ рушд дода шавад.

АКС: Хадамоти гумруки назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 11, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем