Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ИДМ ва Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ-Беларус-2025» иштирок намуд

Сентябрь 30, 2025 09:43

ДУШАНБЕ, 30.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд.

Дар ҷаласа доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодии кишварҳои  аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули афкор анҷом дода шуда, масъалаҳои соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, гумрук, илму маориф, сайёҳӣ, фарҳанг ва тандурустӣ баррасӣ гардиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа санадҳои ниҳоӣ, аз ҷумла стратегияҳо оид ба рушди илмию технологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2026-2035, рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ то соли 2035 ва рақамикунонии долонҳои асосии бисёрмодалии нақлиётии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқ гардиданд.

Таъкид карда шуд, ки қарорҳо ва санадҳои қабулшуда барои пешрафти минбаъдаи ин соҳаҳо заминаи мустаҳками меъёрию институтсионалӣ фароҳам меоранд.

Дар ин рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии  «ИННОПРОМ-Беларус-2025» иштирок ва суханронӣ кард.

Ба таъкиди Қоҳир Расулзода, Тоҷикистон ва Беларусро риштаҳои дӯстии дерина бо ҳам мепайванданд, ки бар пояи эҳтирому эътимоди ҳамдигарӣ асос ёфтаанд. Ҳоло кишварҳо дар соҳаҳои гуногун ҳамкории густурда ба роҳ мондаанд, ки саноат дар он мавқеи калидӣ дорад.

Зимни суханронӣ Қоҳир Расулзода аз шароити фароҳамгардида барои рушди соҳаи саноат дар Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, ки ба ҷалби сармоя ба соҳаҳои технологӣ ва навсозии иқтидори истеҳсолӣ таваҷҷуҳи махсус равона мегардад.

«Мо барои беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ пайваста ислоҳот мегузаронем, ки амалӣ намудани хизматрасонии электронӣ барои сармоягузорон, кам кардани раванди ҳуҷҷатгузорӣ ва таъмини шаффофият аз ин ҷумла аст», — гуфт Қоҳир Расулзода.

Гуфта шуд, ки ҷониби мо ба ояндаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Беларус, махсусан, дар самти табодули технология, бунёди корхонаҳои муштарак, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои логистика, нақлиёт ва савдои наздисарҳадӣ хушбин аст.

Сарвазири мамлакат бо ёдоварӣ аз имтиёзҳои  андозию гумрукӣ, ки 110 номгӯйро дар бар мегиранд ва шароити мусоиди кор дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ сармоягузоронро барои татбиқи лоиҳаю барномаҳои нав дар Тоҷикистон даъват намуд.

Дар охир гуфта шуд, ки баргузории ин чорабинӣ на танҳо имконияти хуб барои намоиши дастовардҳои кишварҳои ширкаткунанда ва бахши хусусӣ аст, балки он инчунин ба табодули таҷриба, пайдо кардани шарикони нав ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мусоидат менамояд.

Сентябрь 30, 2025 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд