Оид ба омӯзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ конфронси илмӣ баргузор гардид

Сентябрь 10, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 10.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Муассисаи давлатии пойгоҳи бостоншиносии Саразм-Панҷакент ва Осорхонаи 5500-солагии Саразм таҳти унвони «Омӯзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолии мамлакат» конфронси илмӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ.

Дар конфронс олимони Тоҷикистон, Фаронса, Исроил, Италия ва Белгия иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ба комёбиҳои зиёд ноил гардид. Барои ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ осорхонаҳои нави ба фаъолияти осорхонавӣ ҷавобгӯ бунёд гардиданд.

Иштирокчиёни конфронс масъалаи ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангии солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ ва мубодилаи афкор қарор доданд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки муҳофизат ва гиромӣ доштани мероси таърихию фарҳангӣ ва ба наслҳои оянда расонидани онҳо вазифаи муҳими ҳар фарди солимфикри ҷомеа аст, зеро хурдтарин осори гузашта метавонад қимати баланди илмию таърихӣ дошта бошад. Сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмуъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи миллати куҳанбунёдро бо ҳам васл менамоянд.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 10, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд