ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими олимпии Филиппин бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «К» бо ҳамсолони худ аз Филиппин бозӣ мекунад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрӣ имрӯз, 6 сентябр, соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар нахустин бозии худ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «К» бар тими олимпии Непал бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 9 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои то 23-сола дар гурӯҳи «К» доир мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






