ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ бар Непал оғоз кард

Сентябрь 4, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 04.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол нахустин бозии худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «К» доир намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, футболбозони тоҷик дар оғози даври интихобӣ бар тими олимпии Непал бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо дастаи Филиппин, ки аз тими Сурия (1:2) шикаст хӯрд, вомехӯрад.

Ин бозӣ 6 сентябр баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 9 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои то 23-сола дар гурӯҳи «К» доир мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд