Парки саноатии муштараки Тоҷикистону Русия таъсис дода мешавад

Сентябрь 26, 2025 11:04

ДУШАНБЕ, 26.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар шаҳри Москва вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алиханов баргузор гардид. Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаи таъсиси Парки саноатии муштарак дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин муносибатҳои дуҷониба бо суръат рушд ёфта, ба сатҳи нави стратегӣ баромаданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таъсиси Парки саноатии муштарак дар шаҳри Душанбе, ҷалби ширкатҳои истеҳсолии Русия ва таъсиси кластери саноати сабук тавассути ширкати «БТК» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

То имрӯз зиёда аз 10 ширкати бонуфузи Федератсияи Русия аз бахшҳои саноати сабук, сохтмон, коркарди чӯб, истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ ва дигар самтҳо барои иштирок дар фаъолияти Парки саноатии муштарак дар шаҳри Душанбе изҳори ҳавасмандӣ намуда, барои ворид намудани сармоя, таҷриба ва технологияи муосир изҳори омодагӣ намудаанд. Иштироки чунин ширкатҳо метавонад барои ташаккули иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба афзоиши ҳаҷми гардиши савдо, такмили низоми ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятнок ва тавсеаи ҳамкории саноатиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Таъкид гардид, ки дар 8 моҳи соли 2025 гардиши савдои дуҷониба 14% афзоиш ёфтааст. Бо хушнудӣ иброз карда шуд, ки ҷонибҳо «Харитаи роҳ» оид ба зиёд намудани гардиши савдои хориҷиро таҳия ва мувофиқа намудаанд, ки ба боз ҳам зиёд намудани савдои дуҷониба ва сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2025 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар 11-умин Саммити ҷаҳонии ҳалол иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон кишти гандуми тирамоҳӣ идома дорад
Дар Данғара сохтмони навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Себистон» идома дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна картошка истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» форуми байналмилалӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон дар даҳ моҳ беш аз 14 ҳазор тонна ресмони пахтагин истеҳсол гардидааст
РАҚАМИКУНОНӢ-ВОСИТАИ МУАССИРИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ. Андешаҳои оид ба имконият ва хавфҳои вобаста ба он
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024» қадрдонӣ гардиданд
Дар Душанбе Фестивали намоиш-фурӯши картошка баргузор гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо сатҳи омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимистонгузаронӣ баррасӣ шуд
Имрӯз дар Душанбе Фестивали картошка баргузор мегардад
Намояндагони вилояти Ленингради Русия бо корхонаҳои истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд