Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо нашъунамои дарахтони хоҷагии ниҳолпарварӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва рафти кишти такрорӣ шинос шуданд

Сентябрь 26, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат дар деҳоти Раҷаб Исмоилов бо нашъунамои дарахтони хоҷагии ниҳолпарварӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва рафти кишти такрорӣ шинос шуданд.

Ин Хоҷагии ниҳолпарварӣ дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалишавии «Барномаи давлатии кабудизоркунӣ барои то давраи соли 2040» бунёд карда шудааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии замини хоҷагии ниҳолпарварӣ 5 гектар буда, дар он беш 25 ҳазор бех ниҳолу дарахтони гуногуни ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ парвариш карда мешавад.

Ҳоло дар ин ҷо парвариши намудҳои нодири ниҳолу дарахтон, аз ҷумла секвойя, можжевелник берёза, павловния, арча, магнолия, шамшод, дуб ва санавбар дар маҷмуъ 20 навъ мутобиқ ба иқлим бо усулҳои муосири инноватисионӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як гӯшаи хоҷагии ниҳолпарварӣ барои беҳдошти ҳифзи муҳити зист ва тарғибу ташвиқи ниҳолшинонӣ як ниҳол дарахти нодири ороишии секвойя шинонданд.

Зимни суҳбат бо мутахассисон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати зиёд намудани навъҳои дарахтони нодири ороишӣ ва таъмини шаҳру ноҳияҳо бо ин навъи дарахтон тавсияҳои муфид доданд.

Баъди шиносоӣ бо нашъунамои дарахтон дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои нону хурокҳои миллӣ боздид намуданд.

Дар ҳама шаклҳои хоҷагидории шаҳри Ваҳдат 19 ҳазору 470 гектар замини кишт мавҷуд аст, ки 6 ҳазору 460 гектари онро боғу токзор ташкил медиҳад.

Кишоварзони шаҳр сабзавоту полезӣ ва меваи тару тоза, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, карам, тарбузу харбуза, себу ангурро бо шаклу услуби зебо ба намоиш гузоштанд. Ҳамаи ин самараи заҳмати пурганҷи деҳқонон буда, аз фаровонӣ ва файзу баракат дар кишвари биҳиштосоямон дарак медиҳад.

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти кишти такрорӣ дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Барот Абдураҳимов ва Абдурауф Раҷабов дидан намуданд.

Хоҷагии деҳқонии Барот Абдураҳимов дар майдони 1 гектар, аз ҷумла дар 70 садяк ғалла ва 30 садяк кишти такрории картошка гузаронидааст.

Хоҷагии деҳқонии Абдурауф Раҷабов дар ихтиёри худ 9 гектар замин дорад, ҳоло дар 6 гектари он кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

Ҳоло хоҷагидорон пас аз ҷамъоварии ҳосили кишти асосӣ, кишти такрориро ба роҳ монда, ҳар қитъа замини корамро самараноку оқилона истифода менамоянд.

Дар ҳама шаклҳои хоҷагидории шаҳри Ваҳдат дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар зиёда аз 6 ҳазору 800 гектар, аз ҷумла дар 3 ҳазору 203 гектар ғалла, 22 гектар картошка, 6 гектар полезӣ, 1143 гектар сабзавот ва дигар зироат кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо вазъи нашъунамои дарахтон, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва рафти кишти такрорӣ ба заҳмату меҳнати деҳқонон баҳои баланд дода, барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дастуру тавсияҳо доданд.

Боздид аз хоҷагии ниҳолпарварӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва кишти такрорӣ дар шаҳри Ваҳдат 26.09.2025

Сентябрь 26, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон