Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави Маркази ташхису табобатро мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 30, 2025 10:33

ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави Маркази ташхису табобатро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои асосии Маркази ташхису табобат дар назди беморхонаи марказии ноҳия дар масоҳати умумии 3 ҳазору 375 метри мураббаъ бунёд гардида, аз се ошёна ва 214 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 226 кат иборат аст.

Дар ин марказ, ҳамчунин, шуъбаҳои қабул ва ташхис, ёрии фаврии тиббӣ, ҷарроҳӣ, шуъбаи таваллуд бо 5 кат барои модар ва кӯдак, шуъбаи табобати интенсивӣ барои кӯдакон бо 6 кат, барои калонсолон бо 8 кат ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншооти муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро ба истиқболи сазовори ҷашни бузургу пуршукуҳи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Дар иншооти тандурустӣ 124 дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дастрас гардидааст, ки дастгоҳи тиббии муосир, ки бе буриши бадан барои амалиёти ҷарроҳӣ пешбинӣ шудааст, катҳои махсус барои беморон, таҷҳизоти даруннигарии видеоӣ, ташхиси дилу рагҳо, бронхоскоп, рентгени рақамӣ, видеоэндоскоп ва видеобронхоскопи сайёр, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар Маркази нави ташхису табобат 30 мутахассиси дорои таҷрибаи баланди касбӣ фаъолият мекунанд, ки аксари онҳо аз ҳисоби занону духтарони маҳаллӣ мебошанд.

Дар ошёнаҳои дигари маркази ташхис шуъбаҳо бо катҳои муолиҷавӣ ва хизматрасониҳои зарурӣ барои фаъолияти самарабахши табибон ва истифодаи беморон муҳайё карда шудааст.

Ҳамчунин, дар иншооти тандурустӣ гушаи гиёҳҳои шифобахш, мавҷуд аст, ки дар он бо истифода аз гулу гиёҳҳои шифобахши табиати Тоҷикистон бо бренди миллии истеҳсоли ватанӣ дар шакли хушк ва нӯшобаҳо маводи шифобахш омода карда мешавад.

Маркази ташхису табобат дорои маҷлисгоҳ бо 120 курсӣ буда, дар ҳудуди иншоот таваққуфгоҳ низ сохта шудааст. Бинои нави Маркази ташхисию табобатӣ бо тарҳи зебои муосир бунёд гардида, саҳн ва атрофи он бо ниҳолҳои ҳамешасабз сабзу хуррам гардонида шуда, чароғакҳои ороишӣ ба атрофи бино зебоии тоза зам намудааст.

Табибон ва сокинон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайваста изҳори сипос намуданд.

Бо фарох гардидани шароити муосир ва сатҳи баланди хизматрасонии тиббӣ, минбаъд сокинони маҳаллӣ метавонанд бе харҷи зиёдатӣ ташхису табобатро дар дохили ноҳия анҷом диҳанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба масъулин ва табибону кормандони маркази тандурустии ноҳия барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон дастуру тавсияҳои мушахас доданд.

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат дар назди беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод 30.09.2025

Сентябрь 30, 2025 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ