Прокурори генералии Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми прокуророни генералии давлатҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар шаҳри Тошканд ҷаласаи 6-уми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа прокурорҳои генералии Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд.
Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла мубориза бар зидди коррупсия, тавсеаи фаъолият дар самти ҳифзи муҳити зист, инчунин хатару таҳдиди ҷиноятҳои фаромиллии муташаккилро мавриди муҳокима қарор доданд. Таъкид гардид, ки муборизаи беамон ба муқобили хатару таҳдидҳои мураккаб ва торафт афзоянда тақвият додани ҳамкории ҳуқуқӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзоро талаб менамояд.
Дар ин самт тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаҳои прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ мунтазам баргузор карда шуда, шароити мусоид барои дуруст ба роҳ мондани ҳамкории ҳуқуқӣ байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ фароҳам оварда шавад.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа Декларатсияи Тошканд қабул ва нақшаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ тасдиқ карда шуд.
Баъд аз анҷоми ҷаласа Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Комрон Алиев мулоқот намуд. Зимни он ҳамкории дуҷониба байни мақомоти прокуратураи ду давлат ва ҳамкории минбаъда байни ин ниҳодҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ баррасӣ гардид.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






