РӮЗИ ҶАҲОНИИ ДОРУСОЗӢ. Барои рушди саноати истеҳсоли доруворӣ бояд аз захираҳои табиӣ ва табиат истифода намуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр Рӯзи ҷаҳонии дорусозӣ эълон гардидааст. Саҳми асосии дорусозон дар беҳтар кардани ҳолати беморон, расонидани хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии саривақтӣ ба доруворӣ назаррас мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 иброз намуданд, ки «бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ ба роҳ монда шавад».
Дорусозӣ яке аз муҳимтарин соҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои коркарди растаниҳои шифобахши ҷумҳурӣ соли 2016 дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» таъсис дода шуд. Ҳадафи асосии ин марказ омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи дорусозӣ аст, ки ба бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд. Вазифаҳои марказ инчунин аз ҳисоби донишҷӯёни факултети фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон омода намудани мутахассисон, гузаронидани корҳои таҷрибаомӯзӣ, таҷрибаомӯзии саҳроӣ ва илмӣ бо кафедраҳои тахассусии факултети фармасевтӣ ва дигар кафедраҳои дахлдоре мебошанд, ки ба омӯзиши илм дар соҳаи дорусозӣ равона шудаанд.
Марказ аз шуъбаи бо дархост тайёр намудани маводи доруворӣ, шуъбаи истеҳсоли қурсҳо, ғилофакҳои мулоим ва басту банди онҳо, бахши иттилоот оид ба маводи доруворӣ, шуъбаи ҷамъоварӣ, коркард ва бастубанди растаниҳои шифоӣ, озмоишгоҳ барои гузаронидани таҳлилҳои химиявӣ, ҳуҷраи автоклавкунонӣ, ҳуҷраи истеҳсол ва қабули оби муқаттар, ҳуҷраи шустушӯи зарфҳо ва ҳуҷраи экспедитсионӣ иборат мебошад.
Мутахассиси пешбари Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» Гадомад Раҷабов иброз намуд, ки марказ давоми фаъолият 12 намуди гиёҳҳои шифобахши мамлакатро омӯхта, аз онҳо маводи доруворӣ истеҳсол менамояд.
«12 намуди растаниҳо- инҳо гули бобуна, пудина, кокутӣ, ришаку сутуну ҷуворимакка, хуч, алпабодиён, чойкаҳак, лимӯгиёҳ, пупалоқ, решаи ширинбия, хоргул, сиёҳдона мебошанд, ки мавриди омӯзиш қарор гирифта, истеҳсоли он ба роҳ монда шудааст. Аз ҳамаи ин мавод дар марказ маводи доруворӣ омода карда мешавад. Ҳамаи он аз қайди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштаанд. Инчунин рӯзҳои наздик ғилофаки мулоими сиёҳдона ва равғани каду низ истеҳсол менамоем»,- афзуд Гадомад Раҷабов.
Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки дар мамлакати мо зиёда аз 4513 намуди растаниҳои шифоӣ мерӯянд. Аммо то имрӯз зиёда аз 70 номгӯй растаниҳои мо омӯхта шуда, дорои шиноснома мебошанд.
«Растанӣ то омӯхта нашавад ва шиноснома надошта бошад, шумо ҳуқуқи дар тибби муосир истифода бурдани онро надоред. ——Дар марказ истеҳсоли ҳар намуди растанӣ ба таври инфиродӣ ва регламент ба роҳ монда мешавад. Ҳар муассисаи фармасевтӣ метавонад аз мо дар бораи дилхоҳ растанӣ маълумот дастрас карда, онро истеҳсол намояд. Инчунин дар марказ тамоми ҳуҷҷатҳои расмӣ барои коркарди растаниҳо омода карда мешаванд. Кормандони марказ меъёри ҷамъоварии растаниҳоро пурра омода ва пешниҳод низ менамоянд»,-гуфт Гадомад Раҷабов.
Барои он ки саноати истеҳсоли дорувории мо ба сатҳи ҷаҳонӣ барояд, мо бояд аз захираҳои табиӣ ва табиати биҳиштосоямон самаранок истифода барем. Зеро мамлакати мо дорои захираи бойи олами набототу растаниҳои шифобахш буда, онҳоро метавон дар саноати дорусозӣ ва косметология васеъ истифода бурд.
Ба таҳлили коршиносон, бо он иқтидори табиие, ки мамлакати мо доро мебошад, чунин вазъи истеҳсоли растаниҳо қонеъкунанда нест. Оқилона ва самаранок истифода бурдани растаниҳо имконият медиҳад, ки дар табиат, пеш аз ҳама, захираи гуногуни гиёҳҳо нигоҳ дошта шуда, баъдан ҳаҷми он барои истеҳсолот муайян гардад. Инчунин таркиби химиявии ҳар гиёҳи шифобахшро пурра омӯхта, хосиятҳои физикию химиявии унсурҳои таркиби онро бо дорушиносон ва мутахассисони соҳа таҳқиқ намуда, истифодаи босамари онро барои табобати бемориҳои гуногун ба роҳ мондан зарур мебошад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ БОЯД АРҶ ГУЗОШТ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РОҲНАМОИ АМАЛ. Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе фаъолиятро тибқи ин санад ба роҳ мондаанд
Таҳаввули ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дар заминаи дастовардҳои сиёсати хориҷӣ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шибит ба организми инсон чӣ фоида дорад?
Дар Тоҷикистон нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Таъсиси Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера заминаи мустаҳками институтсионалӣ ва қонунгузорӣ дорад
ОЗОДАПАЛАНГ. Дар Тоҷикистон барои шикор ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба бабри барфӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пурзӯр гардид
ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон






