РӮЗИ КИТОБ. Ғизои маънавии зиндагӣ бе китоб рангин нест

Сентябрь 4, 2025 08:49

ДУШАНБЕ, 04.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябри соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «бо назардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад».

Расо 18 сол аст, ки дар мамлакат Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши китоб, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз ва ҳамоишҳои илмӣ баргузор мегарданд.

Хонаи бе китоб — рӯзи бе Офтоб аст

Бояд гуфт, ки дар китобхон ва китобдӯстдор намудани аҳолӣ саҳми китобхонаҳо назаррас аст. Тавре сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Низомӣ ба АМИТ «Ховар» баён дошт, «дар Тоҷикистон 74 китобхона, аз ҷумла 1 Китобхонаи миллии Тоҷикистон, 1 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, 1 китобхонаи муосири пойтахт, 7 китобхонаи вилоятӣ, 64 маҷмуи китобхонаҳои марказонида бо 1290 китобхона–филиал фаъолият мекунанд. Инчунин Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор 160 китобхонаи вазорату идораҳо, 4580 китобхонаи соҳаи илму маориф ва 40 осорхонаи вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳоро барои маълумот ба рӯйхат гирифтааст».

Ба иттилои Хуршед Низомӣ, дар ягон давру замон ғизои маънавии зиндагӣ бе китоб рангин нест. Ба таъбири халқ, «хонаи бе китоб- рӯзи бе Офтоб аст». Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдорию сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад.

Шахси китобхон қадрдонӣ мешавад

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат барои ҷалби ҳамагон ба китобхонӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Яке аз он тақдими шоҳасари Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон» буд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оила дастрас гардид. Инчунин дар партави ин ташаббус Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» доир гардид, ки барои гузаронидани он 1 480 000 (як миллиону чорсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо карда шуд.

Дар ин рӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ туҳфаи Сарвари давлат- китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ тақдим мегардад. Дар пайи ин ташаббус озмуни дигар низ доир мешавад, ки он Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аст. Барои баргузор намудани он  аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Иқдоми шоистаи дигар, ки дар самти китобхон шудани ҷомеа рӯйи кор омадаю таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳама зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат ҳафт сол аст, ки доир мегардад, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.

Худ хулоса бароред: ба шумо китоб тақдим мешавад, агар онро мутолиа намоед, барои мутолиа қадрдонӣ карда мешавед. Тавре шоир ва нависандаи Доғистон Расул Ғамзатов гуфтааст, «халқи аз китоб маҳрум ба инсоне шабоҳат дорад, ки бе оина рӯйи худро дида наметавонад».

Биё, китоб мехонем…

Таҳқиқоти охири мутахассисон нишон медиҳад: кӯдаконе, ки волидайнашон чанд бор дар як ҳафта барои онҳо китоб мехонанд, дар муқоиса бо кӯдакони дигар дар чаҳорсолагӣ маҳорати хондан ва навиштани беҳтаре доранд ва дар озмунҳо ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.  Инчунин таҳқиқоти дигаре дар мавриди мутолиа нишон додааст, ки лаззат бурдан аз хондани осори адабӣ тавоноии зеҳнро дар инсонҳо афзоиш медиҳад.

Равоншиносон тавсия медиҳанд, ки агар дар зиндагии рӯзмарра асабонияти зиёдеро таҷриба мекунед, китоб бихонед. Дар маҷаллаи «Неврологӣ» (Neurology) натиҷаи таҳқиқоте нашр шуда буд, ки хондани китоб давоми тамоми умр боис мешавад, ки мағз дар пирӣ тавоноии худро ҳифз кунад.

Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки китоб хондан яке аз беҳтарин равишҳо дар мубориза бо ошуфтагӣ аст. Инчунин ҳар нафаре бештар китоб хонад, бо калимаҳо ва ибораҳои нав рӯбарӯ мешавад: аз онҳо метавонад дар ҳаёти рӯзмарра ва дар вақти суханронӣ истифода кунад. Доштани истеъдоди баён ва балоғат дар гуфтор дар заминаҳои касбу кор ба шумо кумаки бисёр бузурге хоҳад кард. Хондани китоби хуб боиси оромиши инсон мешавад ва мавзуе, ки дар мавриди он мутолиа мекунед, метавонад барои шумо оромиши хотир ба армуғон биёварад.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2025 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъияти кунунӣ ва сатҳи радиатсияи Искандаркӯл омӯхта мешавад
Китоби «Устозурраис Абурайҳони Берунӣ» ба нашр расид
РӮЗИ КИТОБ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад
Дар Душанбе намоиш-фурӯши калони китобҳои тозанашр баргузор мегардад
Мутахассисони тоҷику хориҷӣ дар пиряхи Якарча таҳқиқоти маҷмуии илмӣ гузарониданд
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ нахустин ҳамоиши минтақавӣ доир шуд
Зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои санъати тасвирӣ ва дизайн тағйироти амиқ ба вуҷуд овардааст
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025» оғоз гардид
Барои мукофотонидани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Ба беш аз 57 ҳазор оилаи шаҳри Ваҳдат «Шоҳнома» тақдим мегардад
ИЛМ ДАР БАЛАНДИИ ЗИЁДА АЗ 5000 МЕТР. Дар калонтарин пиряхи Тоҷикистон — Ванҷях таҳқиқоти илмӣ гузаронида шуд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Шинҷони Чин ҳамкориро тақвият медиҳад