Робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Ироқ тақвият меёбанд

Сентябрь 9, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 09.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябри соли 2025 дар шаҳри Бағдод мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири фарҳанг, сайёҳӣ ва ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Ироқ Аҳмад Факкок Ал-Бадронӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни масоили марбут ба густариш ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни ду кишвар, аз ҷумла баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанг дар кишварҳои якдигар, ташкили сафарҳои ҳунарӣ, баргузории барномаҳои консертии муштарак бо иштироки аҳли фарҳангу ҳунари ҳарду давлат, ҳамчунин ҳамкории судманд дар соҳаи сайёҳӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистону Ироқ, таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, ҳамгироии бахши хусусӣ дар рушди саноати сайёҳӣ ва ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва таҳияи барномаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳанг, мероси таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ таъкид намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Сентябрь 9, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид