Рушди робитаҳои иқтисодию молиявии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла савдо, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, рақамисозӣ ва рушди инфрасохтор 15 сентябр зимни мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Го Жиҷун мавриди баррасӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия.
Ҳамсуҳбатон барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ, ҷалби сармояи чинӣ ба бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ва татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва энергетикӣ, ки ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат менамоянд, изҳори омодагӣ намуданд.
Изҳор гардид, ки робитаҳои иқтисодию молиявии ду ҷумҳурӣ дар оянда низ рушд намуда, барои таҳкими шарикии ҳамаҷониба байни Тоҷикистон ва Чин заминаи устувор фароҳам меоранд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон










Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






