Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо волии Трабзон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо волии Трабзон Азиз Йилдирим мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркияро дар сатҳи минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин таваҷҷуҳи хоса ба имкониятҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, рушди табодули фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳавасмандгардонии робитаҳои тиҷоратӣ миёни соҳибкорони ду давлат зоҳир гардид.
Азиз Йилдирим омодагии хешро ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳое, ки ба таҳкими равобити иқтисодӣ ва пешбурди муколамаи башардӯстона нигаронида шудаанд, изҳор намуда, таъкид кард, ки вилояти Трабзон ба густариши робитаҳо бо Тоҷикистон манфиатдор аст ва барои ҳамкорӣ дар таҳияи барномаҳои муштарак омода мебошад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд






