Сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд

Сентябрь 30, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 30.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳайатҳои ҳукуматии Шурои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории ҳамоҳанги кишварҳои мо ба ҳалли мушкилоти иқтисодӣ мусоидат менамояд.

Зимнан оид ба масъалаҳои муҳими муносибатҳои бисёрҷониба ва натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули афкор анҷом дода шуд.

Сентябрь 30, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд