Сокини ноҳияи Ҷайҳун Каримҷон Бутаев 50 сол боз ба анорпарварӣ машғул аст

Сентябрь 21, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 21.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сокини Ҷамоати деҳоти «Истиқлол»-и ноҳияи Ҷайҳун Каримҷон Бутаев як навъи маҳаллии анорро ихтироъ намуда, мехоҳад соли оянда аз ин навъи маҳаллӣ анорбоғи нав бунёд намояд.

Тавре мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев иброз намуд, ин навъи маҳаллии анорро мардум «Каримҷонӣ» ном мебаранд.

Каримҷон Бутаеви 90-сола давоми беш аз 50 сол ба анорпарварӣ машғул мебошад. Ҳамроҳ бо фарзандонаш дар 2 гектар анор парвариш намуда, аз он ҳосили фаровон ба даст меорад. Навъи ихтироънамудаи ин марди анорпарвар калонҳаҷм буда, ранги баланди гулобию таъми ширин дорад ва хеле сершира мебошад.

Анорпарварӣ яке аз соҳаҳои зарурии бахши кишоварзии мамлакат ба шумор рафта, меваи анор маводи ғизоию табобатӣ аст ва дар саноат васеъ истифода мешавад. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ бештар аз 2700 гектар анорзор мавҷуд аст.

Табибон истеъмоли анорро бештар ба нафароне, ки гирифтори бемориҳои мавсимӣ, аз қабили зуком ва гулӯдард (ангина) мебошанд, тавсия медиҳанд. Зеро дар таркиби ин мева витаминҳои А, С, Е, В1 ва В2 зиёд буда, ҳамчунин он аз оҳан, калий, калсий, кремний ва йод бой аст. Дар таркиби шарбати анор антиоксидантҳо мавҷуд ҳастанд, ки дар мубориза бо вирус ва бактерияҳо хеле пуртаъсир буда, барои зудтар барқарор шудани саломатии инсон ёрӣ мерасонанд.

Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, нафарони гирифтори бемории ангина ва ларингит бояд гулӯяшонро бо шарбати анор чайқонанд. Шарбати анор барои табобати пардаи луобии даҳон ва стоматит низ фоидабахш мебошад.

Ба иттилои табибон, агар ҳарорати бадани инсон баланд шавад ё ӯро талбарза фаро гирад, дарҳол як дона анорро ҷаббида, шарбати онро бояд истеъмол намояд. Шарбати тозаи анор ташнагиро шикаста, ба паст шудани таби мариз ёрӣ мерасонад. Фақат дар ёд дошта бошед, ки шарбати анорро бо оби гарм омехта кардан зарур аст, то кислотаи дар таркибаш мавҷуда эмали дандонҳоро вайрон накунад.

Дар таркиби меваи анор витаминҳои ниҳоят муҳими зиддиоксидӣ мавҷуд мебошанд. Он меваи муҳими ҳам шифоӣ ва ҳам ғизоӣ ба ҳисоб меравад. Дар таркиби шарбати анор аминокислотаҳои гуногун мавҷуд ҳастанд, ки кори меъда ва рӯдаҳоро ба эътидол дароварда, узвҳои ҳозимаро беҳтар месозанд. Истеъмоли мунтазами афшураи анор ҳатто дар ҳаҷми хурд сатҳи гемоглобинро дар хун зиёд менамояд. Хусусияти антиоксидантии шарбати анор ҳолати умумии баданро беҳтар намуда, токсинҳоро пок ва системаи иммуниро мустаҳкам месозад. Шарбат барои пешгирии сармои мавсимӣ муфид аст.

Бояд гуфт, ки дар тиб на танҳо донаи анор, балки пӯсти онро низ васеъ истифода мебаранд. Гиппократ — падари тиб барои муолиҷаи дарди меъда, пӯст ва исҳол пӯсту шираи анорро истифода мебурд. Арабҳо ҳангоми ноҳинҷории узвҳои ҳозима анорро ба таври васеъ истифода мебурданд. Абумансури Муваффақ анори ширинро барои табобати дардҳои гулӯ, сина ва сулфа даво фармудааст. Ӯ гуфтааст, ки донаи анор аз ширааш ва пӯсташ аз ҳарду қабзовартар мебошад.

Ибни Сино анорро дар илоҷи сулфаю дарди хафакон, шираи тухмашро барои чашм даво гуфтааст. Шарбати анори турш қай, дилбеҳузурӣ ва ҳиккакро рафъ месозад.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 21, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар мавсими ниҳолшинонии имсола дар 100 гектар павлония шинонида мешавад
Паёми Президенти Тоҷикистон — дастур барои ояндаи дурахшон
Истифодаи нуриҳои маъданӣ ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат менамояд
РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сари вақт расонидани ёрии аввалин беморро метавонад аз марг наҷот диҳад
Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
САДА — ОЙИНИ МЕҲР ВА ОЗОДИСТ. Ин ҷашн аз замонҳои қадим дар байни гузаштагони мо аҳамияти бузург дошт
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд