Суҳайло Ҷавадова: «Баъди хатми Донишгоҳи Фридрих Шиллер дониш ва таҷрибаамро дар Тоҷикистон самаранок амалӣ менамоям».

Сентябрь 25, 2025 15:22

ДУШАНБЕ, 25.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол Маркази барномаҳои байналмилалӣ   тавассути созишномаҳои байниҳукуматӣ зиёда аз 1000 нафар донишҷӯёнро барои таҳсил ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ фиристод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Маркази барномаҳои байналмилалӣ иттилоъ доданд.

Маркази барномаҳои байналмилалӣ бо беш аз 40 давлат ва зиёда аз 500 мактаби олии мамлакатҳои пешрафтаи дунё ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Дар асоси сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байниҳукуматӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон бурсияҳо ё грантҳои таҳсилӣ ҷудо карда мешаванд. Инчунин бо ташаббуси Пешвои миллат Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шудааст, ки тавассути он танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи таҳсил дар хориҷи мамлакатро ба даст меоранд.

Гирандаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» Суҳайло Ҷавадова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки “тавассути ин стипендия имсол донишҷӯйи соли аввали Донишгоҳи Фридрих Шиллер (Universität Friedrich Schiller)-и Олмон гардида, дар ихтисоси кори тиббӣ таҳсил дорам. Соли 2024 пеш аз таҳсил дар шаҳри Йенаи Ҷумҳурии Федералии Олмон дар даври забономӯзӣ таҳсил намудам. Дар ин донишгоҳ зиёда аз 18 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамоянд. Дар ин муассиса барои таҳсил ва гузаронидани корҳои илмӣ тамоми имконият муҳайё карда шудааст”.

Суҳайло Ҷавадова мегӯяд, ки «озмун барои ба даст овардани Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар ду давр баргузор гардид. Дар даври аввал аз рӯйи ихтисос дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳони тестӣ супоридам. Даври дуюм ба тариқи суҳбат гузаронида шуд. Яъне, аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ суҳбати озод доир шуд, ки сатҳи забондонӣ, мақсади интихоби касб ва нақшаҳои ояндаро пурсиданд».

-Ман боварӣ надоштам, ки сазовори ин Стипендияи байналмилалӣ мегардам. Тавассути ин стипендия маблағи хобгоҳ, суғуртаи тиббӣ, роҳкиро давоми сол (рафту баргашт), идрорпулӣ таъмин карда мешавад. Маблағи он соли 2024  500 доллари амрикоӣ буд ва имсол 600 доллари амрикоӣ муайян карда шудааст. Донишҷӯ ҳамчунин  давоми соли таҳсил аз ҷониби кормандони Маркази барномаҳои байналмилалӣ мунтазам зери назорат қарор дода мешавад,- мегӯяд Суҳайло Ҷавадова.

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки “дар донишгоҳе, ки ман дар айни замон таҳсил дорам, таълим аз рӯи низоми  ҷаҳонии пешрафта ба роҳ монда шудааст.   Дар инҷо ҳама шароити зарурӣ барои таҳсил фароҳам оварда шудааст. Таҳсил дар хориҷа ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таҳсил кунанд ва донандаи хуби забонҳои хориҷӣ гарданд.  Инчунин  давоми таҳсил семинарҳои илмии байналмилалӣ баргузор мегарданд ва ман талош дорам, ки дар онҳо иштирок намуда, донишу малакаи худро боз ҳам тавсеа диҳам. Хобгоҳи донишгоҳ бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шуда, дар он шароити хуби зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. Ба ҳамаи донишҷӯён таҳсил дар хориҷи мамлакатро тавсия медиҳам, то чунин имконияти хубро аз даст надиҳанд”.

Ёдовар мешавем, ки аз яке аз шартҳои Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» он аст, ки донишҷӯ баъд аз хатми донишгоҳи хориҷӣ бояд ба мамлакат баргашта, ба таври ҳатмӣ 5 сол фаъолият намояд. Суҳайло Ҷавадова иброз намуд, ки баъди хатми ин донишгоҳ нақша дорад, ки дониш ва таҷрибаи омӯхтаашро дар Тоҷикистон ба таври самаранок амалӣ намояд.

Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» беҳтарин имконияти таҳсил дар хориҷи мамлакат мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 25, 2025 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 дар Тоҷикистон 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон» баррасӣ гардид
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Онро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намудаанд
Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе оид ба зарурати фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ МАОРИФИ МИЛЛӢ
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 7 медал шуданд
Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ ҳавасманд гардонида шуданд
Барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст