Таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ дар соли 2025 оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 04.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ба ҳайси Президенти Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҷаласаи дуюми маъмулии Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ оғоз ёфт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, Шурои иҷроия зимни ҷаласаи чаҳоррӯза 16 банди рӯзнома, аз ҷумла панҷ лоиҳаи қарорро баррасӣ хоҳад кард. Нақшаи стратегии ЮНИСЕФ ва буҷаи ҳамгирошуда барои солҳои 2026-2029 мавзуъҳои асосии баррасишавандаро ташкил медиҳанд. Санадҳои мазкур роҳнамои асосии фаъолияти созмон дар чор соли оянда мебошанд.
Зимни ҷаласа ҳамчунин ҳуҷҷатҳои нав ва тавсеаёфтаи барномавии кишварӣ, муколамаи сохтории маблағгузорӣ, иқдоми башардӯстонаи ЮНИСЕФ ва талошҳои марбут ба мубориза бо нажодпарастӣ ва табъизи нажодӣ баррасӣ мешаванд.
Шурои иҷроия 5 сентябр бо муҳокимаи сессияи мавзуии махсус оид ба таъмини об ва беҳдошт барои ҳар кӯдак, муаррифии гузориши боздиди Шурои иҷроия ва қабули қарорҳо ба анҷом мерасад.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






