Тоҷикистон ба даҳгонаи давлатҳои амнтарини ҷаҳон шомил шуд

Сентябрь 20, 2025 08:52

ДУШАНБЕ, 20.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи гузориши «Global Safety Report – 2025»-и Пажуҳишгоҳи амрикоии афкори умум «Gallup», Тоҷикистон дар қатори амнтарин давлатҳои ҷаҳон дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Мувофиқи натиҷаҳои назарсанҷӣ, ки дар 142 кишвар гузаронида шудааст, 95% аҳолии кишвар ҳангоми сайругашти шабона худро комилан дар амн эҳсос менамоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар  даҳгонаи кишварҳои амнтарини ҷаҳон Сингапур (98%), Тоҷикистон (95%), Чин (94%), Умон (94%), Арабистони Саудӣ (93%), Кувайт (91%), Норвегия (91%), Баҳрайн (90%) ва Аморати Муттаҳидаи Араб (90%) қарор гирифтанд.

Ин дастовард далели равшани он аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба макони сулҳ, субот ва оромии ҷомеа табдил ёфтааст.

Бояд гуфт, ки имрӯз амнияту суботи ҷомеа, фазои ороми шаҳрҳову деҳот, инчунин меҳмоннавозии анъанавии тоҷикона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун арзишҳои олӣ эътироф шудаанд.

Солҳои охир Тоҷикистон байни давлатҳои ҷаҳон борҳо ба даҳгонаи кишварҳои амнтарин шомил гардидааст. Ин далел собити он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ натиҷаҳои сиёсати муваффақонаи роҳбарияти Тоҷикистонро  дар самти таъмини субот, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ баланд арзёбӣ мекунад.

Ҷой гирифтани Тоҷикистон дар байни кишварҳое, ки ҳамчун пешсафони ҷаҳонӣ дар самти амнияти ҷамъиятӣ эътироф шудаанд, на танҳо дастоварди сиёсати дохилиро инъикос мекунад, балки ба ташаккули нуфузи мусбати кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Сентябрь 20, 2025 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид