Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва энергияи «сабз» густариш медиҳанд

Сентябрь 4, 2025 13:50

ДУШАНБЕ, 04.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар шаҳри Давҳа мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси Шурои мудирони ширкати энергетикии «Небрас» Муҳаммад Носир Ал-Ҳоҷирӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо бо назардошти мувофиқаҳои сатҳи олии ду давлат маҷмуи ҳамкории судманди Тоҷикистону Қатарро баррасӣ намуданд.

Дар мулоқот инчунин ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии рушд дар соҳаи энергетика, энергияи «сабз» ва дигар масъалаҳои мавриди назар муҳим арзёбӣ гардиданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар

Сентябрь 4, 2025 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд