Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият медиҳанд

Сентябрь 1, 2025 12:11

ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ«Ховар»/. Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият медиҳанд. Дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба Ҷумҳурии Қирғизистон тавсеаи ҳамкории ду давлат дар соҳаи рақамикунонӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Табодули таҷриба дар соҳаи рақамикунонӣ ва рушди ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ аз ҳадафҳои асосии сафари ҳайати Тоҷикистон ба Қирғизистон буд. Ҳайати Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Кызмат» бо якчанд лоиҳаи рақамӣ, аз ҷумла низоми «Шаҳри амн», гардиши электронии ҳуҷҷатҳо «Инфодокс», ҳалли абрӣ (cloud solutions), G-Cloud ва Кызмат-ID, инчунин фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Учкун» ва «Технопарк» шинос гардид.

Ҷонибҳо барои идомаи табодули таҷриба ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои рақамикунонӣ, маъмурияти андоз, идоракунии молияи давлатӣ ва рушди сайёҳӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамиро дар ҳайат директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо муаррифӣ намуд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2025 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид