То соли 2050 ҳарорати миёнаи ҳаво дар минтақаи Осиёи Марказӣ метавонад аз 0,8 то 6,2 дараҷа баланд гардад

Сентябрь 20, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 20.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Гузориши шашуми Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлими назди Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2050 Тоҷикистон ба афзоиши хушксолӣ, ноустувории захираҳои обӣ, зиёд шудани обхезӣ ва тӯфонҳои чангу ғубор рӯ ба рӯ мегардад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 сентябр зимни мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иброз намуданд.

Сарвари давлат афзуданд, ки давоми панҷ соли охир мо гармшавии шадиди иқлимро мушоҳида мекунем. Тавре аз пешгӯиҳои Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ бармеояд, то соли 2050 ҳарорати миёнаи ҳаво дар минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста ба шароити ҷуғрофӣ метавонад аз 0,8 то 6,2 дараҷа баланд гардад. Инчунин ноустувории бориш низ пешгӯӣ шуда, вобаста ба минтақаҳо давоми сол метавонад аз меъёр 27 фоиз кам ё то 24 фоиз зиёд шавад.

Дар ин замина Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади таъмини устувории иқтисоди миллӣ ва ҷомеа ба таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим соли 2019 «Стратегияи миллӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030» ва соли 2025 Нақшаи амали онро барои давраи солҳои 2025 – 2027 қабул намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд