Ҳусейн Ализода ғолиби даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025» гардид

Сентябрь 18, 2025 16:15

ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори фанни биологияи Литсейи Умари Хайёми ноҳияи Сино Ҳусейн Ализода дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025» сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар озмун омӯзгори фанни математикаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ Муродалӣ Сайёдзода сазовори ҷойи дуюм, омӯзгори фанни забони русии Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ Гулчеҳра Ғиёсова сазовори ҷойи сеюм ва омӯзгори синфҳои ибтидоии Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур Зарина Азизова сазовори ҷойи чорум гардиданд.

Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ҳамасола бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон, такмил додани раванди таҳсилот, дарёфт ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони эҷодкор, рушди касбии омӯзгорон, дастгирӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди омӯзиш, муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳсилот дар соҳа, инчунин дарёфти кадрҳои боистеъдод ва ба вуҷуд овардани махзани кадрӣ гузаронида мешавад.

Ғолиби даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025» дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Сентябрь 18, 2025 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд