Вакили Маҷлиси намояндагон бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳисор№7 Сурайё Дӯстмуродзода бо хонандагони синфҳои якум ва дуюми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 ва 51-и Ҷамоати деҳоти Дурбади шаҳри Ҳисор вохӯрӣ доир намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода устодону хонандагонро ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ табрик намуда, оид ба муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ин рӯз бо хонандагон суҳбат орост.
Вакили палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон иброз дошт, ки барои донишомӯзии насли наврасу ҷавон бо иқдоми маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мактабҳо тамоми шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Танҳо хонандагонро зарур аст, ки аз имконоти баҳрашон муҳайёшуда ба таври шоиста истифода намоянд.
Бо мақсади ҳавасманд намудани хонандагон ба илмомӯзӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ба хонандагони синфҳои якум ва дуюми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 13 ва 51-и Ҷамоати деҳоти Дурбад маводи таълимӣ туҳфа намуд.
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Сурайё Дӯстмуродзода бо сокинони гуногункасби шаҳри Ҳисор то 10 сентябр идома меёбад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






