Вазири кишоварзии Тоҷикистон Раиси Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии ИДМ барои солҳои 2025-2026 интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 37-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки иштирокдорони он ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ, таҳкими худтаъминкунии минтақавӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз омилҳои берунӣ ва дигар масъалаҳои соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласаи 37-уми Шурои байниҳукуматӣ иштирокдорон масъалаҳои амнияти озуқаворӣ, рушди устувори комплекси агросаноатӣ, худтаъминкунии минтақавӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз омилҳои берунӣ, пешгирии рушди ҳашароти зараррасон, ҳифзи ҳосили зироат ва таъмини суботи кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки ҳадафи аслии мулоқот таҳкими ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва мусоидат ба рушди устувори комплекси агросаноатӣ дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши муҳим дорад.
Кишоварзӣ муҳимтарин соҳае мебошад, ки бе он дигар бахшҳо ва соҳаҳои иқтисодӣ ба таври самаранок фаъолият карда наметавонанд.
Вазири кишоварзӣ ва ғизои Ҷумҳурии Беларус Юрий Горлов иброз намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза масъалаи дастрасӣ ба ғизои солим мушкилоти асосӣ дониста мешавад. Зеро дастрасии аҳолӣ ба ғизои сунъӣ бештар гардидааст, ки ин ба иқтисодиёт таъсир мерасонад.
«Ҷумҳурии Беларус ҳадаф дорад, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизои солим саҳм гузорад. Аз ин рӯ мо бояд якҷоя барои ҳалли ин мушкилӣ ва таъмини аҳолии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо маҳсулоти кишоварзӣ талош намоем. Беларус тақрибан 80 фоизи маҳсулоти истеҳсолнамудаашро ба бозори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил содирот менамояд. Боварӣ дорам, ки бо баргузории ин ҷаласа мушкилот ҳалли худро меёбанд»,-гуфт Юрий Горлов.
Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кенжеханулӣ гуфт, ки Ҷумҳурии Қазоқистон ҷонибдори ғизои солим аст. Зеро ғизои солим солимии аҳолиро таъмин менамояд.
«Барои истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза мо бояд соҳаи кишоварзиро бо техникаҳои муосир бештар таъмин намоем. Чунки технологияҳои муосири кишоварзӣ имкон медиҳанд, ки корҳои агротехникӣ сари вақт ва бо сифати баланд иҷро карда шаванд»,-иброз дошт муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон.
Дар ҷараёни ҷаласа нақшаи чорабиниҳо барои соли 2026, интихоби Раиси Шуро барои соли 2026, рушди соҳаи комплекси агросаноатӣ, лоиҳаи таҳрири нави Созишнома дар бораи муносибатҳои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатӣ аз 29 марти соли 1993, таҳияи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ, ки ба таҳкими худтаъминкунии минтақавӣ ва коҳиши вобастагӣ аз омилҳои берунӣ нигаронида шудааст, инчунин татбиқи “Маҷмуи чорабиниҳо оид ба пешгирии рушди ҳашароти зараррасони малах то соли 2026” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа тамоюлҳои муосири гӯсфандпарварӣ ва таҷрибаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо барномаи Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ муҳокима гардиданд.
Қарор шуд, ки ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматӣ соли 2026 дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шавад.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон Раиси Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии ИДМ барои солҳои 2025-2026 интихоб гардид.
Ёдовар мешавем, ки ба Шуро намояндаи ҳар давлати аъзои Созишнома дар асоси навбат ба муддати як сол раисӣ мекунад. Шурои байниҳукуматӣ оид ба комплекси агросаноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тибқи Созишнома дар бораи муносибатҳои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатӣ аз 29 марти соли 1993 таъсис дода шудааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Бадахшон дар шаш моҳ 25 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
«НАҚЛИЁТИ «ҲУШМАНД»». Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории татбиқи лоиҳаи рушди ин намуди нақлиёт баргузор гардид






