Вазорати маориф ва илм дар самти омодасозии тренерони сатҳи миллӣ дар системаи EMIS омӯзиш доир намуд

Сентябрь 28, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 28.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ» барои омода намудани тренерони сатҳи миллӣ дар самти татбиқи Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм (EMIS) омӯзишҳо ба роҳ монда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Ин навбат омӯзишҳо барои мутахассисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буда, ҳадафи асосии он таъмин намудани татбиқи пурраи Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм (EMIS) мебошад. Зимни машғулият иштирокчиён истифодаи имконияти пешрафтаи система, таҳияи ҳисоботи мукаммал, идоракунии равандҳои дохилимуассисавӣ ва таҳлили маълумоти омориро азхуд намуданд.

Ба иттилои манбаъ, минбаъд ин мутахассисон ҳамчун тренерони сатҳи миллӣ барои пурра омӯзонидани маъмурони муассисаҳои таълимӣ раовна карда мешаванд, то ҷараёни татбиқи EMIS дар тамоми сатҳҳо самаранок ба роҳ монда шавад.

Ин омӯзиш қадами муҳим дар рушди иқтидори кадрӣ ва тақвияти заминаҳои устувори рақамисозии низоми маорифи ҷумҳурӣ арзёбӣ мегардад.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид