«ЗАН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ». Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ доир шуд

Сентябрь 6, 2025 11:00

РӮДАКӢ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №182-и Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Зан ва Истиқлолият» конференсияи илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Дар конференсия мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Моҳира Усмонзода иброз намуд, ки «Истиқлоли давлатӣ барои ҳар миллат дастоварди бузурги таърихӣ буда, кафолати зиндагии орому озод барои сокинони мамлакат мебошад. Хурсандиовар аст,  ки бо дастгирии   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон имрӯз дар ҳама соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаъолият дошта, дар тарбияи насли наврас ва пешбурди сиёсати давлатдорӣ саҳм мегузоранд».

Занон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи насли солим нақши босазо доранд.  Имрӯз нақши занону модарон дар ҳифзи ваҳдату суботи миллӣ ва пешрафти устувори мамлакат беназир аст.

Ёдовар мешавем, ки ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар  ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ тантанаҳои ҷашнӣ ва силсилачорабиниҳои сиёсӣ, илмӣ-маърифатӣ  ва фарҳангӣ идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Сентябрь 6, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд