35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони якчанд иншооти ҷашнӣ идома дорад

Октябрь 26, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 26.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ  бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони якчанд иншооти ҷашнӣ идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

Дар Ҷамоати шаҳраки Суғдиён сохтмони кӯдакистони нав барои 240 нафар идома дорад. Дар ин ҷамоат зиёда аз 4 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ дошта, аз шаҳракҳои навбунёд ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бунёди муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистон ва иншооти иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти он қарор дорад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистон кӯдакони шаҳрак дар шароити мусоид ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар Ҷамоати деҳоти Палдорак сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 идома дорад. Иншоот дорои 8 синфхона буда, бо саҳми сокинону соҳибкорон бунёд мешавад.

Дар ноҳияи Мастчоҳ бинои нави беморхона сохта, ба истифода дода мешавад. Иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардида, дар таҳхонаи он ташхисгоҳҳо ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир мегарданд. Бинои нав барои 285 кат пешбинӣ гардида, дорои шароити замонавӣ хоҳад шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Октябрь 26, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд