35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза меёбад
ДУШАНБЕ, 08.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони якчанд иншоот, аз қабили бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноат, Суди вилоятӣ, Маркази зеҳни сунъӣ ва «IT park» ва дигар биноҳо идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Бинои Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон, толорҳои конфронсӣ, толорҳои намоиш, ошхона ва ғайра ҷойгир карда мешаванд. Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар самти ташкил ва баргузор намудани намоишгоҳҳои минтақавию ҷаҳонӣ, муаррифии молу маҳсулоти Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, дарёфти шарикони рушд ва ҷалби сармояи хориҷӣ нақши хеле муҳим дорад.
Дар шаҳр сохтмони бинои Суди вилояти Суғд низ идома дорад. Он аз таҳхона ва 7 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар шароити зарурӣ барои кормандони мақомоти Суди вилоят фароҳам оварда мешавад. Лоиҳаи иншоот мутобиқ ба талаботи замон таҳия гардида, бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда бунёд мегардад.
Бо мақсади омода намудани мутахассисони баландихтисос ва фароҳам овардани шароити беҳтарини таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бунёди Маркази зеҳни сунъӣ ва «IT park» идома дорад. Иншоот дорои маҷлисгоҳ бо 700 ҷойи нишаст, «IT park», осорхона, ҳамчунин толорҳои хурди ҳимояи корҳои илмӣ буда, дар он барои рушди илму технология имконияти васеъ фароҳам оварда мешавад.
Дар айни замон корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, пардоздиҳию рангуборкунӣ оғоз гардидааст. Дар назар аст, ки марказ бо таҷҳизоти муосир таъмин шуда, ба яке аз заминаҳои муҳими рушди соҳаи илму таҳқиқ ва тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланд мубаддал гардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид






