50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ» маркази ноҳия ва 7 деҳаи атрофи он- дар маҷмуъ 50 ҳазор аҳолии ноҳия ба таври шабонарӯзӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) 8 августи соли 2024 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии мазкур созишномаи грантӣ ба маблағи умумии 14 миллион доллари ИМА ба имзо расид. Вобаста ба ин 15 сентябри соли раовн дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ» санги асос гузошта шуд.
Тавре аз Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ изҳор доштанд, ин ҳамкории судманд бо шарикони рушд ва ҳампаймони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи сиёсати бобарор ва судманди хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ ба миён омада, пайваста густариш меёбад.
Корҳои сохтмонии лоиҳа моҳи сентиябри соли равон оғоз гардида, соли 2027 ба анҷом расонида мешаванд. Дар натиҷаи татбиқи босамари Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ» 50 ҳазор аҳолӣ бо оби ошомидании тоза таъмин мегарданд.
Бояд иброз намуд, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки молиявии шарикони рушд дар ҷумҳурӣ барои таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ амал мекунанд. Ин иқдом давоми мантиқии татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018- 2028 ва ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Он ба рушду пешрафт, шукуфоии мамлакат ва беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат равона шудааст.
Дар асоси «Барномаи рушди хоҷагии коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» ва дар доираи «Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025» дастрасии аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳаву деҳкадаҳои ҷумҳурӣ ба оби ошомиданӣ нисбат ба соли 2020 964 ҳазору 145 нафар зиёд гардидааст.
Корхонаҳои соҳаи обтаминкунӣ ва обҳои партови тобеи низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи якуми соли равон ба истифодабарандагон ба миқдори 43 миллиону 574,4 метри кубӣ оби нӯшокӣ интиқол додаанд.
АКС: Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






