Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» оғоз гардид

Октябрь 15, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» оғоз гардида, то охири моҳи апрели соли 2026 идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ хабар доданд.

Тибқи барнома, довталабон метавонанд ба тамоми зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла бакалавриат, магистратура, резидентура, ординатураи клиникӣ, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзӣ ҳуҷҷат супоранд.

Хоҳишмандон барои иштирок метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ соли 2009 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз таъсиси ин марказ рушд додани неруи инсонӣ, баланд бардоштани савияи донишу маҳорати ҷавонон ва пешорафту ояндаи босуботи Тоҷикистон мебошад.

Аз соли фаъолият то имрӯз марказ зиёда аз 117 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳсил ба 42 давлати ҷаҳон равон намудааст. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника ва ихтироъкорию навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами давлатиро баланд мебардоранд, ки шоистаи таҳсину офарин аст.

Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» имкони беҳтарин барои вусъат додани дониши ҳамаҷонибаи ҳар ҷавони лаёқатманду соҳибистеъдод ба шумор меравад. Тибқи роҳнамоии пайвастаи муҳтарам Пешвои миллат, ҳар донишҷӯи таҳсилкунанда дар кишвари хориҷӣ бояд дар баробари таҳсили аъло ва интизоми намунавӣ инчунин муаррифи арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бошад.

Донишҷӯёне, ки тибқи ин Стипендия таҳсил мекунанд, дар асоси созишнома ва шартномаҳои сеҷонибае, ки ғолибони озмуни Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор ба тасвиб расонидаанд, уҳдадор мебошанд, ки баъди хатми донишгоҳҳо 5 сол дар мамлакат дар соҳаи омӯхтаашон фаъолият намоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид