Ҳайати Тоҷикистон дар машқҳои минтақавии «Бирлик-2025» дар Самарқанд иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар машқгоҳи «Каттақурған»-и шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон машқҳои минтақавии «Бирлик-2025» оғоз меёбанд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 13 октябр дар машқгоҳи «Каттақурған» бо иштироки ҳайати роҳбарияти контингентҳои ҳарбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон таҳти роҳбарии фармондеҳи машқҳои минтақавии «Бирлик-2025» ҷаласа доир гардид.
Дар ҷаласа самтҳои омодагӣ ба машқ ва раванди марҳилаҳои он ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Баргузории ин машқҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ ва густариши ҳамкории мутақобили судманд бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир аҳамияти калон дорад.
Дар ҷаласа масоили тақвиятбахшии низоми фаҳмиши ягона дар марҳилаҳои машқ ва риояи амиқу саривақтии он баррасӣ карда шуд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






