Ҳамкории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи нақлиёт густариш меёбад

Октябрь 9, 2025 10:02

ДУШАНБЕ, 09.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 10 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳод 29 сентябри соли 2025 дар Минск Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи марҳилаи дуюми «Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030»-ро тасдиқ намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Яке аз ҳадафҳои асосии ин нақша рушди ҳамлу нақли бор, аз ҷумла транзит тавассути сарҳадҳои давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Марҳилаи дуюми «Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» солҳои 2026-2030-ро дар бар мегирад. Дар таҳияи лоиҳаи нақшаи тадбирҳо намояндагони ниҳодҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва дигар мақомоти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, идораҳои ҳамкори соҳавӣ, ҷомеаи илмӣ ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳод иштирок намуданд.

Ҳуҷҷат дар идомаи Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)-и Стратегия таҳия гардидааст. Он барои рушди минбаъдаи устувори иқтисодиёти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи марҳилаи дуюми Стратегия аз 26 бахш иборат буда, ҳамкориро дар соҳаҳои савдои мутақобили молҳо ва хизматрасониҳо, саноат, маҷмааи сӯзишворӣ ва энергетика, нақлиёт, алоқа, маҷмааи агросаноатӣ, сиесати молиявӣ ва бозори меҳнат фаро гирифтааст.

Тавре қаблан хабар додем, сарони ҳукуматҳо «Стратегияи рушди илмию технологӣ», «Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчӣ» ва «Стратегияи ҳамкорӣ дар рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ»-ро имзо намуданд.

Ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи нақлиёт ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла байни мақомоти соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил–Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шурои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои аъзо ва Шурои байниҳукуматии роҳсозон амалӣ карда мешавад.

Моҳи апрели соли 2024 зимни ҷаласаи 78-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якчанд масъалаи ҳамкории байнисоҳавӣ, аз ҷумла таҷрибаи истифодаи муҳру муми навигатсионӣ бо мақсади пайгирии ҳамлу нақл, Ёддошти тафоҳум байни мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи сода кардани ҳамлу нақли транзитӣ, таҳияи лоиҳаи Протокол дар бораи таъсиси пойгоҳи иттилоотии (портали) транзитии мақомоти гумруки давлатҳо баррасӣ ва мувофиқа карда шуданд.

Тибқи арзёбии Академияи умумирусиягии савдои хориҷӣ, татбиқи марҳилаи дуюми «Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030 «имкон медиҳад, ки дар муддати панҷ соли оянда Маҷмуи маҳсулоти дохилии умумии ИДМ ба ҳисоби миёна 1 фоиз ва ҳаҷми савдои мутақобил 78 фоиз афзоиш ёбад. Аз рӯи маълумоти ҳисоботи Биржаи байналмилалии боркашонии «ATI.SU», соли 2024 талабот ба ҳамлу нақл байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хеле афзуд ва дар ин кишварҳо афзоиши гардиши мол ба назар расид. Аз ҷумла, дар ин давра ҳаҷми умумии боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ – 2,024 миллиард тонна, ҳиссаи ҳамлу нақли тиҷоратӣ дар ҳаҷми умумии логистика – 28 фоиз, ҳамлу нақли дохилӣ ва ҳамлу нақли воридотӣ мутаносибан 6-фоизӣ ва ҳамлу нақли содиротӣ 45 фоиз афзоиш ёфтаанд.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Итиҳоди Давлатҳои Мустақил 2,1 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 4,6 фоиз зиёд аст. Нақлиёти автомобилӣ дар гардиши мол байни кишварҳо нақши муҳим мебозад. Он интиқоли борҳоро, аз ҷумла ба мавзеъҳои дурдаст ва душворгузар таъмин мекунад. Баъзе бартариҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ чунинанд:

Чандирӣ (инъитофпазирӣ) ва тағйирёбандагӣ. Мошинҳо метавонанд қариб ба ҳама ҷое, ки роҳҳо мавҷуданд, бор интиқол диҳанд.

Суръати интиқол. Мошинҳои боркаш метавонанд нисбат ба қатораҳо ё киштиҳо зудтар бор интиқол диҳанд.

Реҷаи мутобиқ. Интиқоли борро дар вақти зарурӣ, аз ҷумла тибқи фармоишҳои фаврӣ ё интиқол барои санаҳо ва вақтҳои муайян ташкил кардан мумкин аст.

Нақш дар барасмиятдарории гумрукии бор. Бо истифода аз контейнерҳо борро метавон ба осонӣ ва бехатар, бе мушкилоти гумрукӣ аз сарҳадҳо гузаронд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2025 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2025 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 29 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст
Дар ҷаласаи 86-уми Кумита оид ба рушди шаҳрсозӣ, манзил ва идоракунии замин стратегияи рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон муаррифӣ шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» дар шакли муосир хизмат мерасонад
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва БАТР дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар масъалаи саводнокии рақамӣ бо Барномаи рушди СММ тақвият медиҳад
Барои инъикоси Саммити «Осиёи Марказӣ-Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ шароити мусоид фароҳам гардидааст
Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имсол беш аз 18 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи истеҳсоли пахта беш аз 12 ҳазор тонна муайян карда шудааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо БАТР дар самти ҷалби сармоя ба технологияҳои нав баррасӣ гардид
Душанбе мизбони Форуми дуюми байналмилалии «Digital Tajikistan» мегардад
Ноҳияи Ёвон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро иҷро намуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегӣ дониста мешавад