Ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид

Октябрь 14, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 14.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мегардад, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода бо иштироки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Хазина ва Бонки ҷаҳонӣ Пайрав Амирзода бо директори Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ хабар доданд.

Роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз сатҳи баланди ҳамкории мавҷуда байни Тоҷикистон ва ин созмони бонуфузи байналмилалии молиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Иброз гардид, ки бо дастгирии Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар шарикони рушд солҳои охир иқтисодиёти мамлакат бо вуҷуди таҳдидҳои берунӣ тамоюли мусбат дошта, нишондодҳои макроиқтисодӣ устувор боқӣ мондаанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили калидии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи самараноки Барномаи воситаи ҳамоҳангсозии сиёсатҳо (PCI), имконияти васеъ намудани дастгирии молиявӣ тавассути механизмҳои Хазинаи байналмилалии асъор ва баланд бардоштани иқтидори мутахассисони сохторҳои давлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин ба зарурати тақвияти иқтидори инсонӣ тавассути ҷалби мутахассисони ҷавон ба барномаҳои омӯзишии Хазинаи байналмилалии асъор, инчунин рушди технологияҳои рақамӣ ва идоракунии муосири низоми молиявӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Кристалина Георгиева ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, омодагии Хазинаи байналмилалии асъорро барои идомаи дастгирии ислоҳоти иқтисодӣ, афзоиши иқтидори молиявӣ ва пешбурди барномаҳои устувори рушди иҷтимоию иқтисодӣ баён намуд.

Дар анҷом ҷонибҳо изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор минбаъд низ ҳамкории судмандро густариш медиҳад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 14, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид