Аз ноҳияи Ёвон ҷавонон бо дуои неки модарон ба хизмати Ватан-Модар рафтанд

Октябрь 1, 2025 16:00

ЁВОН, 01.10.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Ёвон  бахшида ба Рӯзи даъватшаванда чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин  рӯз 335 даъватшаванда бо дуои неки модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ гардиданд.  Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон итилоъ доданд.

Дар ин рӯз бо иштироки роҳбарияти ноҳияи Ёвон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, наваскарон ва ҷавонону сокинон роҳпаймоӣ баргузор шуд.

Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода дар ибтидо  наваскаронро барои пешаи иродаи ватандӯстона дар роҳи ҳифзи Ватан, ҳимояи арзишҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва бо Рӯзи даъватшаванда табрик гуфта, иброз дошт, ки «хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи ҳар фарди Ватан ба ҳисоб рафта, боиси  ифтихор ва шарафи бузург аст. Хушбахтона, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон соҳиби Артиши миллӣ ва неруҳои низомии пуриқтидор гардид. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ такягоҳ ва сипари боэътимоди миллат, кафили амнияту осоиш, сулҳу субот, ҳифзи истиқлолият ва марзу буми Тоҷикистон мебошад».

Дар ҳамоиш  ба 240  нафар наваскароне, ки даври омӯзишии ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа»-ро аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Тооҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шудан ба таври ихтиёрӣ ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.

Дар ҷамъомад Ҷонмаҳмад Гулзода, падари даъватшаванда Сафиаллоҳ Гулзода, ки пас аз хатми Академия ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мегардад, иброз дошт, ки «ман ифтихор менамоям, ки  фарзандам ба иҷрои вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ  ва ба  хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона  мегардад.  Ҳар падару модар орзу дорад, ки фарзандаш барои миллату давлат хизмат кунад ва бо сари баланд ба назди оила баргардад. Мо ифтихор мекунем, ки фарзандонамон зери Парчами миллӣ ва бо номи муқаддаси Тоҷикистон хизмат менамоянд».

Дар ҳамоиши идона чун анъанаи гузаштагон маросими «Кулчагазон» ва  барои болидахотирии наваскарон барномаи ҳунарӣ баргузор гардид.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Октябрь 1, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад