Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи “Забони тоҷикӣ ва марҳилаҳои таърихии он: вазъ ва мушкилот” баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, ин ҳамоиши илмӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ доир гардида, ҳадафи он бознигарӣ ва баррасии ҷанбаҳои гуногуни таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ, таҳкими мақоми он дар ҷомеа ва пешниҳоди роҳҳои илмӣ-амалии ҳалли мушкилоти мавҷуда буд. Забони тоҷикӣ дар ин ҳамоиш ҳамчун яке аз рукнҳои худшиносии миллӣ, пояи давлатдорӣ ва арзиши бунёдии истиқлолияти давлатӣ муаррифӣ шуд.
Дар кори конференсия намояндагони идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ, муҳаққиқон, донишмандон, омӯзгорон ишитрок намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш аҳаммияти илмӣ ва амалии конфронс дар заминаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон шарҳ дода шуд.
Сипас муҳаққиқони соҳа оид ба андешаҳои Пешвои миллат доир ба масъалаҳои мубрами забони тоҷикӣ, забоншиносии матн ва афкори забоншиносии тоҷик, марҳилабандии таърихи забони тоҷикӣ ва мушкилоти мубрами он андешаронӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ имрӯз на танҳо василаи муошират, балки рамзи худшиносӣ, ваҳдат ва истиқлолияти миллӣ мебошад. Натиҷаҳои баррасишуда ва андешаҳои олимону муҳаққиқон дар шакли маҷмуаи илмӣ ба нашр расида, ҳамчун манбаи боэътимод ва арзишманд барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва дӯстдорони забони ноби тоҷикӣ хизмат хоҳад кард.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






