Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи қабули қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» таҷҳизот ва лавозимоти озмоишӣ ворид гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хабар доданд.
Ин таҷҳизот, ки ба ҳифзи пиряхҳо, таъмини амнияти обӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим равона шудааст, дар доираи ҳамкории байналмилалӣ амалӣ гардида, ба рушди илмҳои марбут ба муҳити зист ва криосфера мусоидат мекунад.
Таҷҳизоти воридшуда ба пешрафти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, воситаҳои таҳқиқоти саҳроӣ, омӯзиши криосфера, пиряхҳо, яхбандиҳои Помир ва дигар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Мутахассисон «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» имкон доранд, ки ба воситаи ин таҷҳизот ва лавозимот бо дақиқияти баланд тағйирёбии иқлим, лағжиши пиряхҳо ва хатари офатҳои табииро таҳлил намоянд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаҳои байналмилалӣ бо ҳадафи таҳкими сатҳи илм дар Тоҷикистон ва дастгирии таҳқиқот дар самти омӯзиши пиряхҳо амалӣ карда мешаванд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






