Байни Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории мақомоти прокуратураҳои ҳарбӣ ду Созишнома ба имзо расид

Октябрь 21, 2025 10:25

ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Федератсияи Русия Александр Гутсан вохӯрӣ намуда, оид ба ҳамкории мақомоти прокуратураҳои ҳарбӣ ду Созишнома ба имзо расониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз гардид, ки ин санадҳо заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро таҳким бахшида, ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи назорат, татбиқи ҳуқуқ ва инчунин ба ҳамоҳангсозии муассири фаъолияти прокуратураҳои ҳарбӣ равона шудаанд. Созишномаҳои баимзорасида барои таҳкими қонуният ва таъмини амният дар соҳаҳое, ки вокуниши махсус талаб мекунанд, аҳамияти калидӣ доранд.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ прокуророни генералӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва таъмини амнияти минтақавӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо таваҷҷуҳи асосиро ба хатарҳои шадидтарин, аз қабили мубориза бо терроризм ва экстремизм, муқовимати муштарак ба ҷинояткории фаромиллии муташаккил ва таҳияи чораҳои муассир оид ба мубориза бо ҷинояткории киберӣ равона намуданд.

​АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 21, 2025 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд